Сайёҳат бо чархбол дар Малта

Путешествия бизнес авиацией

Баҳри Миёназамин, сахраҳои оҳаксанг, соҳилҳои пурхаму печи халиҷҳои ҷолиб бо киштиҳои дар бандар қарор дошта, истеҳкомҳои асримиёнагӣ ва калисои ҷомеъ – ин на ҳама ҷойҳои хушманзараи Малта, ки дар ҷараёни сайёҳати ҳавоӣ шинос шудан мумкин аст.

AVIAV TM (Cofrance SARL)  сайёҳати шавқовар ба ҷазираҳои давлати кучаки дар замири қалби баҳри Миёназамин қарор дошта, ташкил менамояд. Ҳавои тоза, таъсири ҳаяҷонбахш ва кашфҳои аҷиб ба ҳар як меҳмон кафолат дода мешавад.

Афзалияти чархбол нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт:

  • Намуди боҳашамат аз баландӣ.
  • Имконияти наворбардории манзаравӣ тавассути камера ё аппарати аксбардорӣ.
  • Суръат ва андозаи парвоз.
  • Ҳузуру ҳаловат.
  • Таассуроти нав.
  • Имконияти таваққуф ва фуруд ба макони дилхоҳ.

Парвоз бо чархбол болои ҷазираҳои хушманзараи Малта хоса судманд аст. Суръати киштии гузора беҳад суст, роҳи оҳан мавҷуд надорад, автомобилҳо, чи тавре ки маълум аст, шино карда наметавонанд.

Менеҷерҳои AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ташкили сафарҳо таҷрибаи бой дошта, сайёҳати кӯтоҳро ба ҳодисаи пур аз воқеаи аҷоибу фарахбахш табдил медиҳанд.

Сафарҳои сайёҳатӣ дар Малта аз Кофранс САРЛ:

Сайёҳат ба деҳаи Попай

Деҳаи маллоҳдухтар Попай – ин номи ғалатиро деҳаи дар шимолу ғарби Малта ҷойгир шуда, солҳои як ҳазору нӯҳсаду ҳаштод (1980) соҳиб гардид, ҳангоми ба наворгирии мазҳакаи мусиқии «Попай» Ҳолливуд дар канори баҳр шаҳраки маллоҳӣ бунёд кард, ки минбаъд ба боғи фароғатӣ табдил ёфт. Аз канори чархбол тарҳи биноҳои ғалатӣ дар иҳотаи обҳои фирӯзаранги халиҷи Анкор-Бэй ва соҳилҳои оҳаксангӣ ҷолиб метобанд. Бо хоҳиши мусофирон имконияти таваққуф дар шаҳрак ва иштирок дар барномаҳои театрикунонидашуда ва шоу имконпазир аст.

Читайте также:  В декабре Bombardier поставил 20 бизнес-джетов

 

Авиаперелеты на спортивные события

Парвоз ба Ғори Кабуд

Боз як мавзеи бошукӯҳи Малта, ки филми «Троя» ба навор гирифта шудааст, дар шафати шаҳри Зурриек ҷойгир аст. Яке аз зеботарин ғорҳои сайёра маҳсуб меёбад. Албатта, тамошои он аз баландии парвози парранда хуб аст, дар ин ҳолат ба сайёҳон тамоми манзараҳои боҳаловати табиат ба назар мерасад: мавҷҳои фирузаранг ва бофароғати баҳр, харсангҳои зардчатоб, водии сабз ва ҷазираи хурд бо калтакалосҳои бешумор.

Сайёҳати манзаравӣ болои Валетта

Ҷазираи асосии Малта лоиқи таваҷҷӯҳи хоса мебошад. Аз иллюминатори чархбол паҳлӯи ҷанубии Бандари Калони пойтахт, буришҳои ғалатии халиҷҳо ва ҷазираҳои кучаки сершумор, намоён мегардад. Дар тӯли парвоз болои Валетта, мафтуни Боғхои Боло ва Поён бо фаввораҳои аҷоиб, шипангчаҳои бароҳат ва набототи бойи баҳри Миёназамин нашуду намемонед. Дар пойтахти Малта иморатҳои замонавӣ вуҷуд надоранд. Аз баландӣ Валетта чунин ба назар мерасад, ки ҳоло асри бистум нарасидааст: дарвозаҳои шаҳрии қадим ба бурҷҳо, калисоҳо ва истеҳкомҳои асрҳои XVIII-XIX роҳ мекушоянд.

Читайте также:  Сочинский аэропорт будет работать в режиме «открытого неба»

Асрорҳои пойтахти таърихии Малта

Шаҳраки устувори Мдина бо фатҳнопазирии асриминагӣ: хона дар иҳотаи деворҳои сангин ва харсангҳои баланд, ба тааҷҷуб меорад. Қаблан Мдина пойтахти Малта маҳсуб меёфт. Бостоншиносон меҳисобанд, ки шаҳри Мдина таърихи қариб чаҳор ҳазорсола дорад. Дар Мдина қасрҳо ва калисоҳои асрҳои гузашта ёдгор мондаанд, инчунин, осорхонаи авиатсия омодаи қабули меҳмонон мебошад.

Ҷазираи Гозо дар иҳотаи обҳои фирӯзаранги баҳри Миёназамин

Ҷазираи бо бузургиаш дуюми Малта аз баландӣ ҳамчун қисми хушкӣ дар иҳотаи кӯхпораҳо ва якчанд пляжҳо бо пастоби регзор ба назар мерасад. Ҳатто Гомер қаҳрамони дӯстдоштааш Одиссейро дар ҷазираи мубораки  Гозо ҷой додааст. Дар ҳамин ҷо, ӯ асири нимфа Каллипсо шудааст. Дар Гозо баҳри Дохилӣ, маъбади мегалитҳо Ҷгантия,  на кам аз Стоунхенҷи бритониёгӣ пляжи Рамла-л-Хамраи Заррин бо харсангҳои аҷоиб ва регҳои зарду сурхчатобаш, тамошобобу беназир аст.

Читайте также:  VistaJet получила очередной Global 6000

Ҷазираи «Тухми карвиё» ва се сокини он

Сеюм ҷазираи аҳолинишини Малта – Комино. Номи он «тухми карвиё» тарҷума шуда, аз растании дар ҳудуди давлати кучак аз қадим-ул-айём маъмул, ба вуқӯъ пайвастааст. Болои Комино парвоз карда, аз халиҷҳои машҳури – Булӯрин ва Кабуд, Бурҷи афсонавии Маръями Муқаддас тамошои хуб кардан, имконпазир аст. Дар ҷазира бо масоҳати сею аз даҳ панҷ (3,5) километр се сокини муқимӣ зиндагӣ ба сар мебаранд ва мамнӯъгоҳи паррандагон мавҷуд аст. Дар мавсим Комино бо киштии гузора ё бо чархбол сайёҳонро қабул менамояд. Барои онҳо майдончаи махсус сохта шудааст.

AVIAV TM (Cofrance SARL) сайёҳати ҳавоиро ба ҷазираҳои Малта пешниҳод менамояд, бо назардошти хоҳиши ҳар як мизоҷон муомилаи инфиродӣ карда, сайёҳати муқаррарӣ ба воқеаи ҳайратангез табдил меёбад.