Нусхаи тасдиқшудаи нақшаи ташкилкунандаи сохтори пешниҳодгардида, то ба худи соҳибмулки ниҳоии бенефитсиарӣ. Нақшаи ташкилкунанда бояд ҳамаи фоизҳои саҳмгузоронро дар бар гирифта, аз ҷониби тарафи сеюми мустақил (яъне, ҳуқуқшинос, банкир, нотариус) тасдиқ гардида бошад.
Соҳибмулки ниҳоии бенефитсиарӣ1 / Директорони ширкат дар Малта
- Шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи ронанда ё дигар ҳуҷҷат (дорои акс, суроға ва шаҳрвандии шахси марбута, ки аз ҷониби мақомоти эътирофгардида дода шудааст). Шаҳодатнома навиштаҷоти зеринро бояд дошта бошад: «Ман тасдиқ мекунам, ки ҳуҷҷати мазкур нусхаи дурусти ҳуҷҷати аслӣ ва акс тасвири дурусти ___________ буда, аз тарафи ман аз назар гузаронида ва санҷида карда шудаанд» ва, ҳамчунин, бояд маълумоти шахси тасдиқнамудаи шахсият замима карда шавад;
- Нусхаи аслии маълумоти бонкӣ, ки ба Cofrance Sarl ирсол карда шудааст (мӯҳлаташ на зиёда аз 3 моҳ қабл);
- Нусхаи аслии тавсияномаи касбӣ, ки ба Cofrance Sarl аз ҷониби сарчашмаи касбие, ки шахси мазкурро ақаллан муддати як сол мешинохт (масъалан, бонк, нотариус, адвокат, муҳосиби дипломдошта), ирсол гардидааст ва дар он ҷо оварда мешавад, ки шахси мазкур боэътимод буда, бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти ҷиноятпешаи муташаккил ё терроризм машғул нест ва қобили адо намудани ҳақ дониста мешавад;
- Нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқнамудаи суроға (маълумотномаи бонк, аз нотариус, ҳуқуқшинос, муҳосиби дипломдошта ё ҳисобнома-фактура ё расидҳои пардохти хизматрасониҳои коммуналие, ки ба шахси инфиродӣ дар суроғаи мазкур расонида шудаанд (яъне, пардохти қувваи барқ, об, вале на барои алоқаи мобилӣ – мӯҳлаташон на зиёд аз 3 моҳ қабл);
- Тафсилоти таърихи тиҷоратӣ, минҷумла таҷрибаи корӣ ва сатҳи малака, ки қонунӣ буданро ва пайдоиши воситаҳоро тасдиқ мекунад.
Саҳмиягузорони корпоративии ширкат дар Малта
- Нусхаи аслии тасдиқшудаи шартномаи таъсискунанда ва оинномаи ширкат (мӯҳлаташ на зиёд аз 3 моҳ қабл);
- Нусхаи аслии иқтибос аз феҳристи тиҷоратӣ (ё ин ки эквиваленти он) бо нишон додани номҳои саҳмиягузорон, директорон ва шахсони мансабдор ва, ҳамчунин, тасдиқнома дар бораи ҳолати дурусти офиси бақайдгирифташуда (мӯҳлаташ на зиёд аз 3 моҳ қабл). Дар ҳуҷҷат суроғаи ҳуқуқии ширкат, саҳмгузорон ва директорони он бояд нишон дода шаванд;
- Нусхаи тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ;
- Нусхаи аслии маълумотномаи бонкие, ки ба Cofrance Sarl (мӯҳлаташ на зиёд аз 3 моҳ қабл) ирсол гардидааст;
- Ҳисоботи охирини санҷидашудаи молиявӣ;
- Ҳуҷҷатҳо барои асоснок кардани қонуният ва пайдоиши воситаҳо.

Эъзоҳ: ҳуҷҷатҳои дигар вобаста ба хосияти ҳолати алоҳида дархост карда шуда метавонанд.
Шахси инфиродӣ, ки билохир на кам аз 25% мизоҷро соҳибӣ ё назорат мекунад ва / ё аз номи ӯ ё ба хотири манфиатҳои ӯ созиш ба амал расонида мешавад. Агар дар бонки маҳалӣ суратҳисоб зарур шавад, шахси инфиродӣ, ки билохир на кам аз 10% мизоҷро соҳибӣ ё назорат мекунад ва / ё аз номи ӯ ё ба хотири манфиатҳои ӯ созиш ба амал расонида мешавад.
Намунаи маълумотномаи бонкӣ
(Ин фақат намуна мебошанд, зеро бонкҳои гуногун маълумотҳои гуногунро пешниҳод мекунанд)
Дар бланки бонк дода шудааст
Cofrance Sarl
Суроға
Малта
Ҷанобони мӯҳтарам!
Бинобари маълумотномаи мазкур тасдиқ карда мешавад, ки ҷаноб / хонум (ному насабро нишон диҳед), дар суроғаи зерин истиқомат дорад (суроғаи пурра), миллаташ (миллатро нишон диҳед), соҳиби шиноснома (рақамашро нишон диҳед), дар муассисаи мо муддати солҳои охир (шуморашро нишон диҳед) суратҳисоб дошт.
Авиаперелеты на спортивные события
Ҳамчунин, мо тасдиқ мекунем, ки тибқи маълумотҳои мо, аз ҷониби ӯ суратҳисоб ба таври қаноатбахш бурда мешуд ва дар асоси муносибатҳои мазкур ӯ чун шахси боинсофу боэътимод эътироф карда мешавад.
Бо эҳтиром,
(Ному насаб ва мансаби имзокунанда)
Намунаи тавсияномаи касбӣ
Дар бланки тарафи сеюм дода шудааст
Cofrance Sarl
Суроға
Малта
Ҷанобони мӯҳтарам!
Бинобари тавсияномаи мазкур тасдиқ карда мешавад, ки ҷаноб / хонум (ному насабро нишон диҳед), ки дар суроғаи (суроғаи пурра, минҷумла индекси почтаро нишон диҳед) истиқомат мекунад, миллаташ (миллатро нишон диҳед), соҳиби шиноснома (рақамаашро нишон диҳед), муддати солҳои охир (шумораашро нишон диҳед) мизоҷи ширкати мо буд ва корҳои хешро хуб ба роҳ монда,ӯҳдадориашро назди мо ба таври қаноатбахш иҷро менамуд.
Мо ӯро (ному насабро нишон диҳед) чун мизоҷи боинсоф ва боэътимод эътироф мекунем, ва ҳисоб менамоем, ки ӯ ягон ӯҳдадориеро, ки онро иҷро карда наметавонад, бар зиммаи худ намегирад.
Ҳамчунин, мо тасдиқ мекунем, ки ӯ, тибқи маълумотҳои мо, доимо ӯҳдадориҳои хешро дуруст ва бо масъулият иҷро менамуд, ҳаргиз муфлис эътироф карда нашудааст, дар ягон амалҳои шубҳаноки молиявӣ ва ҳ. иштирок накардааст.

Тавсияномаи мазкур бидуни ягон ӯҳдадорӣ аз тарафи мо дода мешавад.
Бо эҳтиром,
(Ному насаб ва мансаби имзокунанда)