Барномаи сармоягузори индивидуалӣ (БСИ) дар Малта

Путешествия бизнес авиацией

18 сола + ИА (ЕС) / МЯИ (ЕЭЗ) ва кишварҳое, ки ба ИА / МЯИ дохил нашудаанд

 

Бидуни мӯҳлати кӯтоҳтарини будубош

 

€ 150 000 сармоягузорӣ

 

Андози камтарин мавҷуд нест

 

€ 650,000 саҳм

 

Боҷи дархосткунӣ

 

Суғуртаи тиббӣ + саломатии хуб

 

Баиҷорагирӣ ё харидан заруранд.

Барномаи сармоягузори индивидуалии Малта ба шахсони инфиродӣ ва оилаҳои хориҷие, ки баҳри инкишофи иқтисодии Малта мусоидат мекунад, шаҳрвандии ин кишварро пешкаш менамояд. Барнома бо мақсади ба Малта ҷалб кардани шахсоне, ки маҳорат, таҷриба ва алоқаҳои тиҷоратии хешро бо ҳам дида метавонанд, пешбинӣ карда шудааст. Ин аввалин барномаи қабулкунии шаҳрвандӣ дар Иттиҳодияи Аврупоӣ мебошад, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупоӣ эътироф карда шудааст.

Дархосткунандагон бояд аз ҷониби он Шахси аккредитатсияшуда пешниҳод карда бошанд, ки ваколатдори литсензиядоштаи Малтавӣ мебошад ва аз тарафи мандатарий ба қайд гирифта шудааст. Ҷаноб Виталий Архангелский – директори Cofrance SARL, агенти ваколатдори аккредитатсиядошта мебошад.

 

Чаро Малта?

 

 

Мақсадҳои асосии гирифтани шаҳрвандии малтавӣ (шиносномаи Малта) ва фоидаҳои бадастовардашуда байни шахсони алоҳида гуногун мебошанд, аммо зеринро дарбар гирифта метавонанд:

— Сафарҳои бераводид ба зиёда аз 160 кишварҳои ҷаҳон, минҷумла ба мамлакатҳои ИА (минтақаи Шенген).

— Имтиёзҳои эҳтимолӣ дар ҷодаи банақшагирии андозбандӣ.

— Мутеият аз як чанд шиносномаҳо.

— Бехатарии шахсӣ.

— Ҷустуҷӯи системаи устувори сиёсӣ.

— Сифати хуби зиндагӣ.

Читайте также:  Как выбрать отдых по душе - Мальта

— Таҳсилоти беҳтарин барои фарзандон.

Дархостро кӣ пешкаш карда метавонад?

Дархосткунандагонро зарур аст ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсият, асл, ҳалолкорӣ ва, ҳамчунин, вазъи молиявӣ ва сарчашмаи боигарии дархосткунандаи асосиро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намояд. Ғайр аз ин, талаботҳои зерини асосӣ бояд риоя карда шаванд:

— синну соли дархосткунандаи асосӣ на бояд аз 18 сол кам бошад;

— дархосткунанда ва ҳар хӯранда саломатии хуб ва суғуртаи глобалии тиббиро бояд дошта бошанд.

Шартҳо:

Авиаперелеты на спортивные события

Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ

Ба иқтисодиёти малтавӣ пардохт кардани сармоя ба маблағи 650 000 евро, ки аз ин миқдор 10 000 евро ҳангоми додани дархост ба таври депозити баргардониданашуда ва қисми боқимонда – пас аз дастгирӣ шудани дархост бояд амалӣ карда шаванд. Ба ғайр аз ин, ба таври илова:

– 25 000 евро барои шавҳар (ҳамсар) ва ҳар як хӯрандаи синну солаш аз 18 камбуда пардохт карда мешавад;

– Аризадиҳандагон ӯҳдадор мешаванд, ки муддати на кам аз 5 сол дар Малта иморати хусусиро соҳиб бошанд, ё ин, ки амволи ғайриманқулро ба маблағи 350 000 евро биҳаранд, ё ин ки амволи ғайриманқулро ба маблағи 16 000 евро ба иҷора бигиранд.

— Амволи мазкурро муддати давраи 5-солаи мазкур ба зериҷора супоридан мумкин нест;

— Аризадиҳандаро зарур аст, ки доир ба сармоягузории ҷузвгир ӯҳдадории хешро иҷро намояд ва ба инструментҳои молиявие аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда, ки муддати ақаллан 5 сол нигоҳ дошта мешаванд ва ба таври Identity Malta идентификатсия карда шудаанд, сармоягузорӣ намоянд.

Читайте также:  Директор Cofrance Sarl встретится с министром Энергетики Мальты

— Аризадиҳандагонро зарур аст, ки Суғуртаи глобалии тиббиро ба маблағи на кам аз 50 000 евро барои аризадиҳандаи асосӣ ва ҳар як хӯранда дошта бошад ва далели оне, ки онҳо маблағи мазкурро муддати давраи номуайяни вақт эмин нигоҳ дошта метавонанд, пешниҳод карда бошанд.

Пардохтҳо

— Аризадиҳандаи асосӣ – €650,000

— Шавҳар (ҳамсар) – €25,000

— Ҳар як фарзанди хӯранда (синну солаш 0-17) – €25,000

— Ҳар як фарзанди хӯранда (18–26 лет) – €50,000

— Ҳар як хӯранда (синну солаш 55 ва зиёд аз ин) – €50,000

Пардохт барои санҷиши ҳуқуқӣ

— Аризадиҳандаи асосӣ – € 7500

— Шавҳар (ҳамсар) – € 5000

— Ҳар як фарзанди хӯранда (синну солаш 13-17) – € 3000

— Ҳар як фарзанди хӯранда (синну солаш 18-26) – € 5000

— Ҳар як хӯранда (синну солаш 55 ва зиёд аз ин) – € 5000

Боҷи шиносномавӣ

— барои ҳар як дархост – € 500

Боҷи бонкӣ

— барои ҳар як дархост – € 200

Дархостҳо бо ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро шаҳодат медиҳанд ва ба забони англисӣ тарҷума ва тасдиқ карда шудаанд, бояд ирсол карда шаванд. Ҳамчунин, инҳо заруранд:

— Маълумотнома дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан.

— Далеле, он ки аризадиҳандаи асосӣ муддати 12 моҳ пеш аз маскуншавӣ резиденти Малта буд.

Читайте также:  {:ru}Топ-25 туристических мест Мальты{:}{:ua}Топ-25 туристичних місць Мальти{:}

— Маълумотҳои тиббӣ дар бораи он, ки аризадиҳанда ва хӯрандагони ӯ ба касалиҳои сирояткунанда дучор намебошанд ва дар ҳолати хуби саломатӣ қарор доранд.

— Аризаи хаттӣ дар бораи дастгирии ҳар як хӯрандаи синну солаш аз 18 баландбуда.

Шаҳрвандӣ 12 моҳ пас аз санаи ба қувваи қонунӣ даромадани «алоқаи аслӣ» бо Малта пешниҳод карда мешавад. Номзадонро зарур аст, ки доир ба вуҷуди ҷисмонӣ дар Малта то ба гирифтани шаҳрвандӣ ӯҳдадор шаванд. Шахсоне, ки як сол то ба тасдиқ шудани БСИ дар ин ҷо истиқомат мекунанд, ба талаботи зикршуда аллакай ҷавобгӯбуда маҳсуб меёбанд.

Cofrance SARL ба шахсони инфиродӣ ва оилаҳои онҳо номгӯи пурраи хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд. Дар ҷойҳои дорои аҳамияти стратегӣ шариконро дошта, ширкат маҷмӯъи хизматрасониҳоеро, ки соҳаҳои муҳимро иҳота менамоянд ва барои мизоҷон ҷалбкунанда мебошанд, масъалан: банақшагирии байналмилалии андозбандӣ; банақшагирии байналмилалии моликиятӣ, банақшагирии давоматӣ ва банақшагирии тиҷоратӣ, манзури шумо пешкаш карда метавонад.



Cofrance SARL дар Малта

Tелефон: +35620341636

E—mail: vip@jet.mt

Дискламатсия: Маълумот, ки дар маколаи мазкур оварда шудааст, шиносшавии оммавиро мақсад дорад. Маълумоти пешкашшуда ҷиҳати иваз намудани ягон хизматрасониҳои муҳосибӣ, андозӣ ё дигар маслиҳатҳои касбӣ истифода шуда наметавонад ва моён барои ҳар кадом зарари ҳар кадом шахс дар оқибати ягон амал ё беамалӣ ҷавобгар нестем.