Путешествия бизнес авиацией

Муддати соли дароз дар зери офтоби гарми малтавӣ, аз кулли афзалиятҳои кишвари инкишофёфтаи аврупоӣ, чун шаҳрванди комилҳуқуқи он, ҳузуру ҳаловат бурдан – инро бисёр сокинони давлатҳои тамоми ҷаҳон орзу мекунанд. Зеро шиносномаи малтавӣ бешубҳа «дарро ба Аврупо» мекушояд ва худи кишвар, бошад, ҷиҳати тавассути сармоягузорӣ соҳиби он гаштан шартҳои шафоффро пешкаш менамояд.

Ҷумҳурии Малтаи ин кишвари чунон «дилҳоҳ»-у «матлуб»-и қисми ҷануби Аврупо мебошад, ки чун галаҷазира, ки аз 21 ҷазираҳо иборат аст, маҳсуб меёбад. Он дар миёнаи бахри Миёназаминӣ, аз ҷониби ҷануб 100 км дур аз Ситсилия ва аз ҷониби шимол тахминан 300 км дур аз Ливия мавқеъ гирифтааст. Малта чун яке аз кишварҳои аз ҳама сераҳолӣ эътироф карда шудааст, зеро дар масофати ҳамагӣ 316 км2 зиёда аз 400 000 нафар аҳолиро дорад. Дар мамлакат ду забони расмӣ истифода карда мешаванд: малтавӣ ва англисӣ.

Архипелаг чун базаи баҳрии низомии аҳамияти стратегӣ дошта маҳсуб меёбад, ки муддати таърихи хеш дар зери мутеияти халқҳои гуногун: римиён, норманниҳо ва бисёри дигар қарор дошта буд. Дар оғози асри XIV ба империяи Британӣ дохил шуда, Малта дар соли 1964 истиқлолиятро ба даст овардааст, дар зимни ин тахти сарварии шоҳзани Елизаветаи II шоҳдории матлақа монда буд. Кишвар дар соли 1974 ба ҷумҳурӣ табдил ёфта, айни замон аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид мебошад, дар масоҳати амалии евро ва минтақаи Шенген қарор дорад.

Малта бо иқтисодиёти инкишофёфта, сатҳи баланди зиндагӣ ва муҳити бехатари зист худситоӣ карда метавонад, вале дар давраи охир бинобари омилҳои ретсессия, соҳаи иқтисодии он назаррас зарар дидааст. Системаи порлумонии Малта ба монанди Шоҳдории Муттаҳид барпо дода шудааст. Ҳукуматро сарвазир ва президент роҳбарӣ менамоянд.

 

Ариза барои шаҳрвандии малтавӣ

Ҷараёни пешкаш кардани ариза барои сокиншавӣ қатъӣ буда, барои ҷамъ кардани тамоми маълумоти зарурӣ омодагии ҷиддиро талаб менамояд. Мӯҳлати коркарди дархост ҳаргуна шуда метавонад ва онро пешгӯӣ кардан мушкил аст. Одатан ин аз дараҷанокии дастрасии дархосткунанда нисбати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва душвории умумии дархост вобаста мебошад.

Тасвири мухтасари проседураро ба манзури шумо пешкаш менамоем:

Қадами 1: Омода кардани дархост ва ҷонибдории пешакии он аз тарафи ҳуқуқшиносони оҷонсии аккредитатсияшудаи аврупоии Cofrance SARL.

Қадами 2: Пешкаш кардани файли ариза барои сокиншавӣ.

Қадами 3: Коркарди дархост ва аудити пешакии ҳукумати малтавӣ.

Қадами 4: Гирифтани ҷонибдорӣ.

Қадами 5: Пардохти боҷи фонди иҷтимоӣ ва инкишофи миллии кишвар.

Қадами 6: Муддати 4 моҳ пас аз ҷонибдорӣ – сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ва харидани облигатсияҳои давлатӣ.

Қадами 7: Риояи талаботҳо нисбати ҷои истиқомат.

Қадами 8: Супоридани шаҳодатнома дар бораи сокиншавӣ, қабул кардани шиноснома.

Вариантҳои сармоягузорӣ

Тибқи «Барнома барои шахсони инфиродӣ дар Малта (PPIM)» аризадиҳанда ба се соҳаи зерин бояд сармоягузорӣ кунад:

  1. Фонди иҷтимоӣ ва инкишофи миллӣ

Ба аризадиҳанда зарур аст, ки боҷи минималиро ба маблағи 650 000 евро, ҷамъи 25 000 евро барои ҳар ҳамсар ва фарзанди ноболиғ, ҳамчунин 50 000 евро барои ҳар фарзанди хӯрандаи синну солаш аз 18 то 26 ва ҳар волидайни синну солаш зиёда аз 55, пардохт намояд.

  1. Амволи ғайриманқул

Аризадиҳанда инчунин бар зиммаи худ чунин ӯҳдадориро бояд гирад, ки Малтаро чун макони истиқомати доимӣ ба муддати на кам аз 5 сол интихоб намояд ва бо ин мақсад ё хонаро бо арзиши зиёда аз 350 0000 евро бихарад, ё манзили истиқоматиро бо пардохти маблағи солонаи иҷоравии зиёда аз 16 000 евро ба иҷора гирад.

  1. Воситаҳои молиявие, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шудаанд

Ба аризадиҳанда зарур аст, ки ба воситаҳои молиявие, ки аз ҷонибии ҳукумат тасдиқ карда шудаанд, ба мисли облигатсияҳо ё саҳмияҳо, ба маблағи 150 000 евро, бидуни ҳуқуқи фурӯши онҳо дар мӯҳлати на кам аз панҷ сол, сармоягузорӣ кунад.

Хар як аризадиҳанда вазифадор аст, ки барои худ ва ҳамсару хӯрандагон боҷи аудиториро пардохт намояд. Боҷҳои мазкурро бо тарзи зерин классификатсия кардан мукин:

  • 7 500 Евро барои аризадиҳандаи асосӣ
  • 5 000 Евро барои ҳамсар
  • 5 000 Евро барои ҳар як аъзои оила синну солаш аз 18 то 25 ё синну солаш 55 ва зиёда аз ин
  • 3 000 евро барои ҳар як аъзои оила синну солаш аз 13 то 18.

Афзалиятҳои шаҳрвандии малтавӣ

Чун шаҳрванди Малта шумо аз бисёр афзалиятҳо истифода бурда метавонед:

  • Имконияти дар кишвари устувор, гиромиқадр ва нейтралии Иттиҳодия, ки системаи сиёсии он дар асоси нақши англисии порломонӣ бунёд карда шудааст, зиндагиро ба сар бурдан.
  • Шаҳрвандии комил бо ҳуқуқи истиқомат ва кор кардан дар дохили кишвар.
  • Системаи андозбандии фоидаовар бидуни боҷии давлатӣ нисбати амвол, бо ҳуқуқи ҳадякунӣ ё ҳуқуқи мерос. Ғайр аз ин, шаҳрвандони Малта, ки дар кишвар истиқомат намекунанд, андозҳоро фақат аз он даромадҳо медиҳанд, ки дар дохили кишвар ба даст овардаанд.
  • Дар вуҷуди хоҳиш имконияти нигоҳ доштани шаҳрвандии дугона.
  • Имконияти истиқомат дар ҳар як аз 28 давлатҳо – аъзоёни ИА, минҷумла дар Швейтсария.
  • Имконияти бидуни раводид саёҳат кардан ба зиёда аз 16 кишварҳо ва ҳудудҳо, минҷумла, ИМА, Канада, Иттиҳодияи Аврупо ва минтақаи Шенген.

Шаҳрвандии малтавӣ бо Cofrance SARL

 

 

Пешкаш кардани ариза барои гирифтани шаҳрвандии дуюм ҷараёни душвору дарозмуддат шуда метавонад. Маҳз, аз ин сабаб дар ширкати Кофранс САРЛ мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои мизоҷони хеш чораҷӯии мазкурро ба таври ниҳоӣ осон гардонем.

Мо хизматрасониҳои зеринро пешкаш менамоем:

  • Менеҷери хусусӣ ба сифати шахси мутасаддии ягона муддати кулли вақти иҷроиши дархости шумо.
  • Дастгирии касбӣ муддати тамоми проседура.
  • Омода кардан ва санҷидани ҳуҷҷатҳо.
  • Намояндагӣ аз номи шумо дар ҳуқумат.
  • Идоракунӣ ва ҳалу фасл намудани ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо пешкаш кардани дархост вобаста мебошанд.
  • Хизматрасониҳои иловагӣ тибқи фармоиши мизоҷон:
  • Хизмати консерж
  • Маслиҳатҳо доир ба амволи ғайриманқул: харид, иҷора дар Малта
  • Хизматрасониҳои давлатии нотариалӣ
  • Кӯмак зимни кӯчидан
  • Хизматрасониҳои тарҷумон
  • Банақшагирии андозбандӣ
  • Хизматрасониҳои тиббӣ
  • Банақшагирии фидутсиарӣ
  • Хизматрасониҳои бонкӣ.

Барнома барои шахсони инфиродӣ – сармоягузорон дар Малта

Малта яке аз кишварҳои камшумори аврупоие мебошад, ки барномаи гирифтани шаҳрвандӣ тавассути сармоягузорӣ, ки дар ҷаҳон ба таври олӣ баҳогузорӣ карда мешавад, пешкаш менамояд. Барномаи мазкури сармоягузории шаҳрвандӣ, ки чун «Барнома барои сармоягузорони хусусӣ дар Малта» (PPIM) маъруф гардидааст, барномаи аввалине мебошад, ки аз тарафи Комиссияи аврупоӣ эътироф карда шудааст.

PPIM барои шахсони давлатманде, ки аз ҳуқуқҳои кишвари ИА ба пуррагӣ истифода бурданро хоҳиш доранд, пешбинӣ шудааст. Номзадҳо бояд аз 18 сол ҷавон не, сатҳи саломатии хуб ва «досёи тоза»-ро дошта, ба критерияҳои муносибатӣ мутобиқ бошанд. Малта экспертизаи қатъии ҳуқуқиро мегузаронад, то ки сокиншавиро фақат барои номзадҳои беҳтарин таъмин намояд.

 

Ҳамсарон, фарзандон ва волидайн ба дархости мазкур дохил карда шуда метавонанд.

Диққат – ҳуҷҷатҳо

Барои бомувафаққият гирифтани шаҳрвандии малтавӣ ширкати ҳуқуқии Cofrance SARL тавсия медиҳад,ки ба омода кардани ҳуҷҷатҳо тибқи ҳамаи қоидаҳо ва стандартҳо аҳамияти ҷиддиро додан даркор. Чӣ қадар бастаи муфассал, пурра ва босифати ҳуҷҷатҳоро аризадиҳанда пешниҳод мекунад, ин қадар тез ӯ шиносномаи аврупоиро ба даст мегирад.

Читайте также:  Проведение ICO: юридическая поддержка

 

Инак. Аз аризадиҳанда талаб карда мешаванд:

  • Шаклҳои дархостҳои пешбининамудаи қонун, ки онҳоро аз кормандони Cofrance SARL дар бланкҳои расмӣ ё бевосита дар консулгарии малтавӣ дархост кардан мумкин;

Маълумотномаҳо аз политсия дар бораи интизоми боинсоф (аз кишвари аслӣ ва кишвари истиқоматӣ, агар муносиб бошад). Онҳо барои ҳама аризадиҳандагон синну солашон дувоздаҳ (12) ва зиёда аз ин бояд пешниҳод карда шаванд;

Исботи он, ки аризадиҳандаи асосӣ дар Малта муддати як сол то ба сокиншавӣ истиқомат кардааст;

Маълумотномаҳои тасдиқкунандаи тиббӣ дар бораи он, ки аризадиҳанда ва хӯрандагони ӯ ба касалиҳои сирояткунанда дучор нашуданд ва вазъи хуби саломатӣ қарор доранд;

Исботи он, ки тибқи қоидаҳо ба лоиҳаҳои амволи ғайриманқул ва сармояҳои давлатӣ дар Малта сармоягузорӣ карда шудааст;

Шаҳодатномаҳо: дар бораи таваллуд ва ақди никоҳ (агар муносиб бошад);

Нусхаҳои тасдиқшудаи тамоми саҳифаҳои шаҳодатномаи шахсӣ ва шиносномаи шумо (вуҷуддошта ва мӯҳлатаашон гузашташуда);

Аксҳои нави рангине ҳаҷмаашон мутобиқи шиноснома;

Шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои ҳамаи касоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

Сертификатҳо ва иқтибосҳои бонкии нав;

Маълумотнома дар бораи корхонаи бақайдгирифташуда, мактуб аз корфармо;

Маълумотнома дар бораи пардохти андозҳо;

Тасдиқи он, ки шумо соҳиби Полиси тиббии пурра / васеъшуда мебошед;

Маълумотнома аз ҷои истиқомат.

 

Барои ноил гаштан ба натиҷаи мусбӣ зимни пешкаш кардани дархост барои шаҳрвандии малтавӣ, на танҳо ба пуррагии рӯйхати ҳуҷҷатҳои дархостшудаистода, балки ба пешниҳоди дурусти онҳо ба макони болоӣ аҳамият додан зарур.

 

Шакли омода ва пешкаш кардани ҳуҷҷатҳо

Зимни пешкаш кардани бастаи аризаҳо итминона тавсия дода мешавад, ки ҳамаи шаклҳо ва ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда ба файлҳои тамғакунонидашудаи перфоратсияшудаи пластикӣ гузошта шаванд (яктагӣ ба як шакл). Файлҳои пластикӣ ба даруни ҷилди ҳалқаҳодоштаи шакли А4 бояд гузошта шаванд, то ки эҳтимолияти гумшавии ҳуҷҷатҳоро паст карда, дастрасиро ба файлҳои алоҳида қулай мегардонад.

Дар болои ҷилди шакли ҳалқадори А4 номи Контсессионер, Шахси аккредитатсияшуда ё Агенти тасдиқгардида (вобаста аз ҳолатҳои вуҷуддошта) ва аризадиҳандаи асосӣ бояд саҳеҳона нишон дода шавад. Ҳамчунин, тавсия дода мешавад, ки рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар мактуби ирсолкунандаи замимашуда пешкаш мегардад, тафсилот / индексатсия карда шавад.

 

Тартиботи тавсияшавандаи пешниҳоди дархостҳо

  • Мактуби ирсолкунанда
  • Ваколатнома
  • Мактуб бо пешниҳоди резидентӣ
  • Шакли N (ё Шакли O / P, агар муносиб бошад)
  • Шакли PDFEE
  • Шакли SSFW якҷоя бо иқтибосҳои бонкӣ (аз номи аризадиҳандаи асосӣ ё эҳсонкор)
  • Шакли PSC (1 акси замимашуда, дигараш дар даруни файл).
  • Шакли MRQ (бо замимаи ҳуҷҷатҳои идентификатсиякунанда, ки аз ҷониби духтур имзо карда мешаванд)
  • Шиносномаи хориҷӣ – якто барои аризадиҳандаи асосӣ ё як чанд
  • Шаҳодатнома/ҳо-и Шаҳсӣ (ё эквиваленти ҳуқуқии онҳо)
  • Иҷозатномаҳо барои истиқомат (минҷумла, дар Малта)
  • Шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд
  • Ҳуҷҷатҳо дар бораи иваз кардани ном (агар муносиб бошад)
  • Шаҳодатномаҳои ҳарбӣ (вобаста аз ҳолатҳои вуҷуддошта)
  • Шаҳодатномаҳо дар бораи будани соҳиби тиҷорат
  • Шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ
  • Шаҳодатнома дар бораи талоқ
  • Шаҳодатнома дар бораи истиқомат бо нишон додани суроға
  • Нусхаи аслии маълумотнома дар бораи интизом аз политсия
  • Аффидевитҳо (масъалан, дар бораи хӯрандагӣ ва ҳ.)
  • Дигар Ҳуҷҷатҳои Ирсолкунанда.

Пешниҳод кардани дархост

Пас аз пур кардани ҳамаи шаклҳо ва омода кардани ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда, метавонед ирсоли бастаи дархостро оғоз намоед. Дар он лаҳзае, ки файл қабул карда шудааст, макони марбута ба санҷиши пуррагӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо шурӯъ мегардад. Минҷумла, ба тафсилотҳои зерин аҳамият дода мешавад:

  • Мактуби ирсолкунанда, ки мустақилона аз ҷониби аризадиҳанда ё намояндаи ӯ омода карда шудааст, маълумотҳои муҳимеро дар бораи шахсоне, ки қисми дархост маҳсуб меёбанд, ва ҳуҷҷатҳоеро, ки нисбати ҳар як кас пешкаш карда шудаанд, бояд дошта бошад.
  • Мактуб бо пешниҳоди резидентӣ.
  • Ваколатнома, ки аз ҷониби аризадиҳандаи асосӣ ба номи намояндаи ӯ ё шахси ҳуқуқӣ дода шуда, ҷиҳати амалгардонӣ аз номи аризадиҳанда ваколатҳоро пешкаш менамояд.

Агар яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда вуҷуд надошта бошад, макони масъул досеи пешниҳодшударо нигоҳ дошта меистад, аммо то ба ворид шудани ҳуҷҷатҳои нокифоя коркарди дархостро оғоз намекунад.

Дар лаҳзае, ки макони масъули давлатӣ қарор мекунад, ки дархост ба таври зарурӣ тартиб дода шудааст ва бо ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда замима карда шудааст, дар бораи қабул кардани он тавассути почтаи электронӣ ба унвони аризадиҳанда хабарнома ирсол карда мешавад. Пас дархост аз ҷиҳати пурра ва дуруст буданаш санҷида мешавад.

Авиаперелеты на спортивные события

 

Ҷараёни баҳогузории сатҳи пуррагӣ ва дурустӣ

Мутахассисони хадамоти давлатии Малта оид ба баҳогузорӣ ҳар як шакл ва ҳуҷҷати пешкашшударо муоина мекунанд ва мутобиқати онҳоро ба ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ санҷиш мегузаронанд. Вақте, ки дархост қабул мегардад, мактуби расмӣ ирсол карда мешавад, ки бо он далели ба итмом расидани марҳаллаи аввалини пешкаши дархост баён мегардад ва, дар баробари ин, Дархости Пардохт (PRV) замима карда мешавад. PRV зеринро дарбар мегирад:

  • маблағи боқимондаи пардохти Подошнашаванда,
  • боҷ барои Дю-Дилиҷенс,
  • боҷ барои шиноснома
  • боҷ барои хизматрасониҳои бонкӣ.

Дар сурате, агар мутахассисон оид ба баҳогузорӣ ягон маълумоти нопурра ё нодурустро ошкор менамоянд, натиҷаҳои ин дар Ҳисоботи Шакли М4 оварда мешаванд. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамаи масъалаҳое, ки дар дархост пайдо гардида буданд, барои дархости минбаъдаи аризадиҳанда номбар карда мешаванд.

Маҳз аз ин сабаб ба аризадиҳанда итминона тавсия дода мешавад, ки нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба унвони мақомотҳои давлатии Малта пешкаш гардида буданд, нигоҳ дошта шаванд. Нигоҳдории нусхаҳо ҷиҳати осон кардани бартарафгардонии хатогиҳо, ки дар ҳисоботи Шакли М4 оварда шудаанд, мусоидат хоҳад кард ва ҳамин тариқ, имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои аз нав тайёргардида ё аз нав дидабаромада, бидуни зарурияти баргардонидани досе (ки аз ҷониби хадамоти давлатӣ рад карда шудааст), пешкаш карда шаванд. Афзалияти тарзи мазкур аз он иборат аст, ки вақти коркарди дархост пас аз пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дуруст назаррас кам карда мешавад.

Хатогиҳое, ки ба вуҷуд омада метавонанд, гуногунанд. Аммо, хатогиҳое, ки аз ҳама бисёр ба назар мерасанд, дар поён оварда шудаанд:

  • Хатогиҳо ё маълумоти нопурра дар шаклҳо.

Дар чунин ҳолатҳо ба аризадиҳанда зарур аст, ки фасли марбутаро дар ҳисоботи Шакли М4, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ирсол гардидааст, маълумоти дурустро оварда, пур кунад. Шакл бояд имзо ва мӯҳргузорӣ карда шавад ва ба макони давлатӣ баргардонида шавад (фақат асл).

Масъалан, дар сурати вуҷуд надоштани рақами шиноснома дар Шакли PDFEE, маълумотҳои мазкур дар ҳисоботи Шакли М4 нишон дода мешаванд. Пас имзо ва мӯҳр гузошта мешаванд, ҳуҷҷат санагузорӣ карда шуда, ба комиссия барои баррасии минбаъда баргардонида мешавад.

  • Шаҳодатдиҳии нодурусти шаклҳо ё ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда.

Дар чунин ҳолатҳо нишон дода мешавад, ки оё ҳуҷҷат нодуруст тасдиқ карда шудааст ё не. Пас аризадиҳанда нусхаҳои нигоҳдошташударо барои ислоҳоти хатогиҳои ишорагардида истифода бурда метавонад. Истинод ба амалҳои андешидашуда дар ҳисоботи Шакли М4 бояд карда шавад.

Читайте также:  {:ru}Вертолетные туры на Мальте{:}{:ua}Вертолітні тури на Мальті{:}{:am}Ուղղաթիռային շրջագայություններ Մալթայում{:}

Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ

  • Шаклҳо ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷуднабуда.

Дар ин сурат зарур аст, ки маълумотҳои дархостгардидаи вуҷуднадошта пешкаш карда шаванд.

Марҳаллаи Дю-Дилиҷенс

Вақте, ки дархост ба таври расмӣ қабул карда мешавад, марҳаллаи дуюм ба мӯҳлати яксаду бист (120) рӯз оғоз мегардад, ки муддати он санҷишҳои муфассали Дю-Дилиҷенс барои Ҷонибдории Принсипиалӣ давом дода мешаванд. Зимни тамоми марҳаллаи мазкур ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва / ё тавзеҳот аз аризадиҳандаи асосӣ / шахсони сеюм баъзан талаб карда мешаванд.

Аз баски чунин маълумот барои давом додани санҷишҳо ва назорат зарур мебошад, ҳисоб кардани яксаду бист (120) рӯзҳо аз санае, ки дар он дархост карда шудааст то ба рӯзи қабули маълумот боздошт карда мешавад. Ҳамин тавр, зимни тартиб додан ва пешкаш кардани маълумот барои ба итмом расонидани марҳаллаи мазкур роҳ надодан ба кашолакориҳо – ин чун манфиати аризадиҳандаи асосӣ маҳсуб меёбад.

Вобаста аз хусусияти дархост шакли пешкаш кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд ба критерияҳое, ки ҳуҷҷати мазкур муқаррар намудааст, мутобиқ бошад. Дар поён рӯйхати мисолҳо доир ба ин критерияҳо оварда шудааст:

  • Аризаҳо. Вақте, ки аз ҳар аризадиҳанда аризаҳо дархост карда мешаванд, онҳо бояд дар шакли аслӣ пешкаш карда шаванд ва аз ҷониби шахси марбута ба имзо расонида шуда бошанд. Ба сифати роҳи алтернативӣ чунин аризаҳо тавассути почтаи электронӣ ирсол карда шуда метавонанд.
  • Аффидевитҳо. Вақте, ки аффидевит дархост карда мешавад, он аз ҷониби адвокати литсензиядошта ё нотариуси давлатӣ бояд тасдиқ ва ба таври зарурӣ омода карда бошад.
  • Шаҳодатномаҳо, ки аз ҷониби муассисаҳои расмӣ дода шудаанд. Вақте, ки шаҳодатномаҳои иловагии муассисаҳои расмӣ лозим мешаванд, зарур аст, ки тасдиқи аслӣ будани онҳо ва, агар муносиб бошад, тарҷумаҳо пешкаш карда шаванд.
  • Ҳуҷҷатҳои ширкат. Агар ҳуҷҷатҳои иловагии ширкат дархост мегарданд, онҳо бояд тибқи кулли параметрҳои пешбинишуда пешкаш карда шаванд.

Қасами Садоқат ва Сокиншавӣ

Дар сурати сипарӣ шудани яксаду бист (120) рӯз, аризадиҳандагони бомувафаққият якҷоя бо Дархости пардохтҳо (CRV) бо хоҳиши пардохтани боҷҳои боқимонда мактубро дар бораи Ҷонибдории Принсипиалӣ қабул менамоянд. Чунин муросилот ба суроғаи аризадиҳандаи асосӣ бо тасвири ӯҳдадориҳое, ки тибқи муқаррароте дар Санади ҳуқуқии 47 аз соли 2014 овардашуда, бояд иҷро карда шаванд, ворид мешавад.

Ба аризадиҳанда зарур аст, ки бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро дар файлҳои алоҳидаи пластикӣ барои санҷиш пешниҳод намояд:

  • Нусхаи шартномаи Иҷора ё Харидани Амволи Ғайриманқул тибқи Огоҳномаи ҳуқуқии LN47 / 2014 ва, ҳамчунин, тасдиқи аризадиҳандаи асосӣ дар бораи он, ки ӯ амволро муддати ақаллан 5 сол ба соҳибии шахсони сеюм намефурӯшад.
  • Шаҳодатнома дар бораи Харидани Саҳмияҳо / Облигатсияҳои Давлатӣ
  • Шаҳодатнома дар бораи Суғуртаи Васеъшуда / Пурраи Тиббӣ (подоши минималӣ барои як нафар на кам аз 50 000 евро).
  • Тасдиқи (тавассути ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда) он, ки тадбирҳое, ки дар ибтидо дар Мактуби оиди Азмҳо номбар шуда буданд, пурра иҷро гардидаанд ё ин ки мавриди иҷрошавӣ қарор доранд.

Ба таври илова ба ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда ба аризадиҳанда зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои зеринро дар мӯҳлати аққалан як моҳ пеш аз ташриф овардани Малта бо мақсади Қасами садоқат пешниҳод кунад:

  • Аслҳои Шаҳодатномаҳо дар бораи Таваллуд, Ақди Никоҳ ва Талоқ (агар муносиб бошад) барои аризадиҳандагон. Агар гирифтани аслҳо ғайриимкон бошад, ба аризадиҳандагон зарур аст, ки Иқтибосҳои Расмии пурра тасдиқшудаи мақомотҳои давлатиро пешкаш намоянд. Таваҷҷӯҳ диҳед, ки нусхаҳои аслии аслҳои санадҳо / шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд / талоқ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвар бояд тасдиқ карда шаванд.
  • Шаклҳои Феҳристи Давлатӣ.

Номгӯ:

  • Таваллуд
  • Никоҳ
  • Никоҳи гражданӣ (агар муносиб бошад)
  • Никоҳи якҷинсӣ (агар муносиб бошад)
  • Шакли А Ариза дар бораи супоридани Шиноснома:

Шартҳо:

  • Барои аризадиҳандагони синну солашон 12 ва зиёда аз ин як акси шакли шиносномавӣ.
  • Барои фарзандони синну солашон то ба 12 дуто акси шакли шиносномавӣ талаб карда мешаванд.
  • Барои фарзандони синну солашон то ба 18 тибқи Шакли А имзои волидайн талаб карда мешавад.
  • Барои ҳар як аризадиҳанда бояд Нусхаи Тасдиқшудаи Саҳифаи Маълумотҳои Шиносномавӣ пешкаш карда шавад.

Баъд аз он, ки ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда муоина ва санҷиш карда мешаванд, Мактуб – таклифнома бо таъин кардани вохӯрии аризадиҳанда ва хӯрандагони ӯ барои қабул кардани Қасами Садоқат супорида мешавад. Зимни ташкил кардани вохӯрӣ ба аризадиҳанда зарур аст, ки дар бораи мазҳаби динии хеш маълумот диҳад.

Зимни ташриф овардан ба Малта барои қабули Қасами Садоқат барои аризадиҳандагон ва хӯрандагони онҳо будубоши қонунӣ дар кишвар тахминан ба мӯҳлати 5 рӯзи корӣ бо мақсади қабули Қасам ва супоридани Шиносномаҳо пешбинӣ карда мешавад. Пас аз қабул кардани Қасами Садоқат аз ҳар як аризадиҳанда нишондодҳои биометрӣ бардошта мешаванд. Шиносномаҳо танҳо шахсан ба дасти ҳар як аризадиҳанда дар макони давлатии Малта супорида мешаванд.



Пур кардани шаклҳои дархост

Зимни пешкаш кардани ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ хеле муҳим мебошад, ки онҳо аз ҷониби ҳар як аъзои оилаи аризадиҳанда пурра ва дуруст пур карда шаванд. Итминона ба шумо тавсия дода мешавад, ки ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир намоед:

Шакли N

Ному исмҳои хӯрандагон бояд якҷоя саҳеҳона нишон дода шаванд. Статуси муносибати онҳо бо аризадиҳандаи асосӣ (АА) ва сабабҳое, ки тибқи онҳо шахс чун соҳибҳуқуқ маҳсуб меёбад, бояд дуруст шарҳ дода шаванд. Маслиҳат дода мешавад, ки ба ҳуҷҷатҳое, ки ба сифати шаҳодати хӯрандагӣ пешкаш гардидаанд, такя карда шавад, то ки мутахассисони оид ба баҳогузорӣ, алоқамандии марбутаро муайян карда тавонанд, масъалан:

«Ноболиғ – Писар, чӣ тавре, ки дар Шаҳодатнома дар бораи Таваллуд, ки дар дохили бастаи аризадиҳанда пешкаш гардидааст, нишон дода шудааст».

«Хӯрандаи болиғ – Модар, чӣ тавре, ки дар шаҳодатномаи ман (АА) дар бораи таваллуд оварда шудааст; тавзеҳоти иловагӣ дар аффидевите баимзорасида бо нишон додани мутеъияти молиявии хӯранда оварда шудааст».

Имзо ва сана. Хеле муҳим мебошад, ки АА дар Қисми А-и шакл имзо гузорад ва санаро нишон диҳад. Ба он ҷанба таваҷҷӯҳ диҳед, ки сана дар Қисми А пас аз сана дар Қисми F-и Шакли N пай гирифта наметавонад.

Рақами идентификатсионии Шаҳодати Шахсӣ. Дар қисмаи B5 ба АА зарур аст, ки Рақами идентификатсионии Шаҳодатномаи Шахсии хеш ё эквиваленти ҳуқуқии онро (яъне, ҳуҷҷатеро, ки барои идентификатсия дар кишвари Шаҳрвандӣ истифода карда мешавад) нишон диҳад.

Агар АА як чанд шаҳрвандӣ ва, бинобарин, ян чанд Шаҳодатномаҳои Шахсиро дошта бошад, ҳамаи онҳо ба таври лозимӣ дар шакли саҳеҳ бояд номбар карда шаванд.

Дар зери ҳар ҷамъбасти аризаҳо (C1 — C2; C3 — C12; C13; C14 — C16) дастуруламалҳо пешкаш карда мешаванд. Муҳим аст, ки чунин талаботҳо риоя карда шаванд ва маълумоти чӣ қадар зиёд бошад дар давраи пешкаш гардидани дархост пешниҳод карда шавад.

Қисми F. Хеле муҳим мебошад, ки Аризадиҳанда ва Ваколатдор оид ба қасам ҳар як саҳифаи шаклро ба имзо расонанд. Мутаносибан, Қисми F низ бояд комилан пур карда бошад. Шаҳодатнома аз Ваколатдор оид ба қасам (ё эквиваленти ҳуқуқии он) бояд ба он талаботҳо ҷавобгӯ бошад, ки бо Руйхати назоратӣ муқаррар гардидаанд ва, бинобарин, маълумотҳои зеринро пешбинӣ карда бошанд: Сана, Ному Исм, Касб, Суроғаи Истиқоматӣ / Суроғаи корӣ; раками телефон ва суроғаи Почтаи электронӣ.

Читайте также:  {:ru}Сборы при ведении бизнеса на Мальте{:}{:en}Business fees in Malta{:}{:ua}Збори при веденні бізнесу на Мальті{:}{:tj}Боҷи тиҷорат дар Малта {:}{:es}Tarifas para la introducción de negocios en Malta{:}{:pt}Taxas para Empresas em Malta{:}{:tr}Malta'da iş yapmak için ücretler{:}{:mt}Ħlasijiet ta' negozju f'Malta{:}{:kz}Мальтада бизнес жүргізу кезіндегі алымдар{:}{:tm}Maltada biznes ýöretmek üçin maglumat toplamasy.{:}

Шакли О

Қисми А. Номи Ҳамсар / Хӯрандаи болиғ бояд ба таври саҳеҳона якҷоя бо суроғаи ҷории истиқоматӣ нишон дода шавад. Муҳим аст, ки вариантҳои дуруст интихоб карда шаванд (шавҳар / зан / дигар хӯранда). Ҳамчунин муҳим аст, ки номи АА ва шакли хӯрандагӣ нисбати АА дар В11 нишон дода шавад. Қисми А бояд аз ҷониби Ҳамсар / Хӯрандаи болиғ ба имзо расонида, санагузорӣ карда шавад.

B5. Дар қисмати B5 ба Ҳамсар / Хӯрандаи болиғ зарур аст, ки рақами идентификатсионии Шаҳодатномаи Шахсии хешро нишон диҳад. Агар аризадиҳанда як чанд шаҳрвандӣ ва, бинобарин, як чанд Шаҳодатномаҳои Шахсиро дошта бошад, ҳамаи онҳо бояд ба таври саҳеҳона нишон доша шаванд.

B11. Шакли хӯрандагӣ аз АА бояд ба таври саҳеҳона нишон дода шавад.

Масъалан: «Ман ҳамсари Аризадиҳандаи Асосӣ (ҷ-б А.А.А.А.) мебошам. Ман дар ягон ҷо кор намекунам ва ба таври пуррагӣ аз ҷиҳати молиявӣ аз шавҳарам мутеъ мебошам. Хоҳиш мекунам, ки ба нусхаи пешниҳодгардидаи Шаҳодатнома дар бораи Ақди Никоҳ ва аффидевити замимашуда дар бораи дастгирӣ, ки ҳолати хӯрандагии маро мутаносибан шаҳодат медиҳанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намоед».

Мисоли 2: «Ман писари Аризадиҳандаи асосӣ (ҷ-б А.А.А.А.) мебошам. Айни замон, ман дар Донишгоҳи AAAA таҳсил мекунам ва, аз ин лиҳоз, дар ягон ҷо кор намекунам. Дар натиҷаи ин ман аз Аризадиҳандаи Асосӣ мутеъ мебошам, ки ҳолати мазкур бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва аффидевити пешкашгардидда тасдиқ карда мешавад.

Шакли P

Фасли A1. (а) бояд аз ҷониби Волидайни биологии хӯрандаи ноболиғ пур карда шавад, вале, зимнан, Фасли A1. (b) бояд дар он сурат пур карда шавад, агар волидайн чун Васии Қонунии Хӯрандаи Ноболиғ маҳсуб ёбад.

Қисми А. Хеле муҳим мебошад, ки дар Қисми А ҳамаи фаслҳо пур ё тариқи рамзҳои махсус ишорагузорӣ карда шаванд, то ки пур кардани онҳо ғайриимкон гардад.

Ҳуҷҷатҳо оид ба шуғл

Вобаста ба шуғл / соҳибкорӣ, муҳим аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои вуҷуддошта, чӣ тавре, ки ин дар Рӯйхати назоратӣ ва тавсияҳо шарҳ дода шудааст, пешниҳод карда шаванд.

  • Иқтибосҳои бонкӣ
  • Шакли PSC. Қисми А. Ҳама ҳошияҳо бояд пур карда бошанд ва ягонтаи аз онҳо набояд холӣ бимонад. Акс бояд дар фасли марбута бо чунин тарз гузошта шавад, ки онро бидуни вайрон кардани шакл хориҷ кардан имконнопазир гардад. Хар аризадиҳанда синну солаш чордаҳ (14) ва зиёда аз ин бояд имзои шахсиро гузорад.

Талаботҳо нисбати тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳо

Чӣ тавре, ки дар фасли ибтидоии Шакли PSC нишон дода шудааст, барои шаҳодатдиҳӣ аз Ҳуқуқшиносон/Нотариусҳои хориҷӣ апостил ё қонунигардонии марбута заруранд.

  1. Ҳуқуқшинос / Нотариуси Давлатӣ, ки дар Малта мавқеъ гирифтааст: апостил ё қонунигардонии минбаъда зарур нестанд.
  2. Намояндагии консулгарӣ ё сафоратӣ дар Малта: апостил ё қонунигардонии минбаъда зарур нестанд.
  3. Ҳуқуқшиноси Хориҷӣ / Нотариуси Давлатӣ дар кишвар – аъзои конвентсия дар бораи Апостил: Апостил мутаносибан зарур аст.
  4. Ҳуқуқшиноси Хориҷӣ / Нотариуси Давлатӣ дар кишваре, ки аъзои конвентсия дар бораи Апостил намебошад: Ҳуқуқшинос / Нотариус ҷараёнро ба итмом мерасонад, пас ҳуҷҷат ба Мақомотҳои Давлатӣ барои шаҳодатдиҳии давлатӣ супорида мешавад.

Аутентификатсия ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо

Бандҳои зерин барои аутентификатсияи нусхаҳои аслии тасдиқгардии аслҳо чун дастуруламал бояд истифода шаванд.

Кадом вақт ҳуҷҷатҳои хориҷӣ барои истифодабарӣ дар хориҷи кишвар аутентификатсияро талаб мекунанд?

Аутентификатсияи ҳуҷҷати хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин талаб карда мешавад:

  1. Ҳар маротиба, вақте, ки Нотариус ё Ҳуқуқшиноси хориҷӣ шакли PSC-ро пур мекунад; ва
  2. Ҳар маротиба, вақте, ки Нотариус ё Ҳуқуқшиноси хориҷӣ ҳуҷҷатеро, ки нусхаи аслии асл мебошад, тасдиқ мекунад.

Вобаста аз доираи ҳуқуқӣ, ки тибқи он ҳуҷҷатҳо омода мегарданд, аутентификатсия дар яке аз се шаклҳои зерин бояд амалӣ карда шавад:

  • Апостил, тибқи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961, ки Талаботҳои Қонунигардонии Ҳуҷҷатҳои Расмии Хориҷиро бекор карда буд, агар доираи ҳуқуқӣ чун ҷониби конвенсияи дар боло зикршуда маҳсуб меёбад;
  • Тасдиқи шаҳодатдиҳӣ аз ҷониби ҳуқуқшинос ё нотариуси идораи марбутаи давлатӣ дар сурати вуҷуди доираҳои ҳуқуқие, ки тарафҳои Конвенсияи Гаага намебошанд, ё ин ки
  • Тасдиқи шаҳодатдиҳӣ аз ҷониби намояндагии консулгарӣ ё сафоратии малтавӣ, ки чун ҷониби Конвенсияи дар боло зикршуда маҳсуб намеёбад.

Доир ба шаклҳои аутентификатсия / қонунигардонии ҳуҷҷатҳо, бояд қайд намуд, ки апостил дар шакли мӯҳргардида ё нашршуда, иборат аз 10 ҳошияҳои стандартии рақамгузоришуда пешкаш карда мешавад. Одатан ин ҳуҷҷате мебошад, ки саҳифаи охиринаш мӯҳргузорӣ, қонунигардонӣ карда шуда, тариқи марбута васл гардидааст.

 

Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо

Тибқи қоидаҳои асосӣ барои гирифтани шаҳрвандии малтавӣ, зарур аст, ки ҳар як ҳуҷҷат, мӯҳр бо забони ғайрианглисӣ ба таври расмӣ ба забони англиси тарҷума карда шавад.

Тарҷумаҳо аз ҷониби тарҷумони касбӣ (дар назди суд ба таври расмӣ аккредитатсияшуда), муассисаи давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ё идораи монанди расмӣ бояд омода карда бошанд. Агар тарҷума дар кишваре омода карда шудааст, ки тарҷумонони расман аккредитатсияшударо надорад, он аз ҷониби ширкате, ки фаъолияти ягонаю асосиаш ин тарҷумаи касбӣ мебошад, бояд иҷро карда шавад. Ҳуҷҷат ақаллан аз ҷониби як шахси ваколатдоре дорои ҳуқуқи имзои ширкати тарҷумакунӣ бояд ба имзо расонида шавад.

Боиси қайд аст, ки ба тарҷумон зарур аст, ки дар шакли саҳеҳу бофаҳм сана, номи пурраи хеш, вазифа, суроғаи истиқомат / суроғаи офис, рақами телефон ва почтаи электронӣ -ро нишон диҳад.

Вобаста ба Оҷонсиҳои тарҷумакунӣ бошад, бланкҳои расмиеро, ки дар онҳо маълумот дар бораи ширкати тарҷумакунанда оварда шудааст, истифода кардан лозим аст.

Итминона тавсия дода мешавад, ки фақат аз хизматрасониҳои бюроҳои номдори боэътимоди тарҷумонӣ / тарҷумонҳо истифода бурда шавад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳар лаҳзаи ҷараёни пешкаш кардани дархост макони давлатии Малта дар бораи тарҷумон ва / ё оҷонсии тарҷумонӣ маълумоти иловагиро талаб карда метавонанд.

Малта аз Cofrance SARL

Оҷонсии касбии аврупоии ҳуқуқии Cofrance SARL ба шумо ҷиҳати зерин кӯмак мерасонад:

  • Омода намудани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандии малтавӣ ва гирифтани шиносномаи аврупоӣ
  • Тарҷумаи аккредитатсияшудаи ҳамаи маълумотномаҳо, аризаҳо ва шаклҳои зарурӣ
  • Дар шакли дуруст пешкаш кардани кулли бастаи ҳуҷҷатҳо
  • Таъмин кардани амалҳо қатъиян тибқи талаботи қонун
  • Пинҳон доштани маҳфияти маълумот
  • Аз рӯзҳои ибтидои то ба лаҳзаи қабули шиноснома таъмин кардани ҷараёни тартибдиҳии шаҳрвандии аврупоӣ.

Cofrance SARL дарро ба Аврупо барои шумо мекушояд!

Шаҳрванди хушбахти Малта бишавед!