Ширкатҳои холдингӣ дар Малта бо мақсади доштани саҳмия, қоғазҳои қиматбаҳо, сарватҳо ба мисли яхта, ҳавопаймо, асарҳои санъат, амволи ғайриманқул, инвеститсияҳо, мулки маънавӣ, фондҳои асосӣ (сарватҳои саноатӣ) ва, ҳамчунин, амволи хусусӣ таъсис шуда метавонанд.
Малта ба туфайли тартиби беҳамтои андозбандӣ барои таъсис додани ширкати холдингӣ то бора ҷозиб гашта истодааст. Як қатор реҷаҳои андозбандӣ тибқи нақшиҳои гуногуни зерин татбиқ карда мешаванд:
- Озодшавӣ аз саҳмдорӣ.
- Дивидендҳои бадастовардашуда аз пардохтани андоз дар Малта озод карда шудаанд.
- Афзоиши сармоя аз пардохтани андоз озод карда шудааст.
Озодшавӣ аз саҳмдорӣ
Озодшавӣ аз саҳмдорӣ нисбати дивидендҳо ва афзоиши сармоя, ки дар натиҷаи фурӯши саҳмия ё супоридани қисм ё тамоми мулки мазкур, татбиқ карда мешавад.
Иштироки квалификатсияшуда
Озодшавии иштироки квалификатсияшуда аз андоз ба даромад ва / ё афзоиши сармоя, ки аз ҷониби ширкати холдингие дар Малта бақайдгирифташуда ба даст оварда шудаанд, аз иштироки квалифткатсияшуда ё идоракунии чунин иштирок бо шарти он, ки ширкат бевосита ё бавосита дар Малта соҳиби мулк ё ҳуқуқдошта ба чунин мулк намебошад, озод менамояд.
Иштироки квалификатсияшуда дар он ҳолат қарор дорад, агар ширкат-резидент дар Малта соҳиби ҳиссаҳои саҳмдорӣ дар шахси дигари ҳуқуқӣ мебошад ва:
- бевосита соҳиби на кам аз даҳ фоизи саҳмияҳои дигар ширкат мебошад, ки сармояи он пурра ё қисман ба саҳмияҳо тақсим карда шудааст ва бастаи мазкур барои на кам аз даҳ фоизи ҳар дутои «ҳуқуқҳои соҳибии саҳмияҳо»-и зерин ҳуқуқ медиҳад
- ҳуқуқи овоздиҳӣ;
- ҳуқуқи гирифтани даромаде, ки бояд тақсим карда шавад;
- ҳуқуқ ба мулк, ки дар сурати барҳамхурӣ тақсим карда мешавад;
ё ин ки:
- ширкат саҳмгузори дигар ширкат мебошад ва ҷиҳати ба ихтиёри худ талаб кардан ва харидани тамоми бақияи саҳмияҳои ҳиссагӣ, ки аз они он намебошанд, ҳуқуқ дорад;
ё ин ки:
- ширкат саҳмгузори дигар ширкат мебошад ва дар сурати пешниҳоди фурӯш, харид ё бекоркунии ҳамаи саҳмияҳои ширкат, ки берун аз назорати ширкати доранда қарор доранд, ҷиҳати радкунии нахустин ҳуқуқ дорад;

Ҳамчунин бихонед: Малта – ҷазираи баҳодурон

ё ин ки:
- ширкат саҳмгузори дигар ширкат мебошад ва ҷиҳати иштирок кардан дар кори Шӯрои директорони он, ё ба ҳайси директор таъин намудани намояндаи хеш дар Шӯрои директорони мазкур ҳуқуқ дорад;
ё ин ки:
Авиаперелеты на спортивные события
Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ
- ширкати саҳмгузори дигар ширкат мебошад ва дар он инвеститсияҳоро дорад, ки аққалан як миллиону яксаду шасту чор ҳазор евроро (1 164 000 евро) (ё маблағи эквивалентӣ бо асъори хориҷӣ) ташкил медиҳанд. Чунин сармоягузорӣ ба таври мунтазам муддати на кам 183 рӯз бояд аз они ширкат бошад.
ё ин ки:
- ширкат саҳмгузори дигар ширкат мебошад ва дар он соҳибдории чунин саҳмияҳо ба хотири инкишофи тиҷорати хусусиаш равона гардидааст ва бо мақсадҳои савдо истифода карда намешавад.
Дигар шартҳои татбиқкунӣ
Озодшавӣ аз саҳмдорӣ нисбати дивидендҳо татбиқ шуда метавонад, агар ташкилоте, ки дар он иштироки квалификатсияишуда ҷой дорад:
- резидент мебошад ё дар Иттиҳодияи Аврупоӣ ба қайд гирифта шудааст;
- ё ба миқдори на кам ваз 15% андозбандӣ мешавад;
- ё на зиёд аз 50% даромади пассивии хешро аз фоизҳо ё роялтӣ ба даст меоварад.
Ин ҳаст бастаи аввалини шартҳое, ки як қисми муборизаи Малта бо сӯистифодаҳо нисбати озодшавӣ аз саҳмдории квалификатсияшуда мебошад. Танҳо яке аз се критерияҳо бояд қонеъ карда шавад, то ки озодшавӣ татбиқ гардад. Агар ягон аз шартҳои дар боло овардашуда иҷро нашавад, дар ин сурат ҳардуи шартҳои зерин бояд ба пуррагӣ ба амал расонида шаванд:
- доштани саҳмияҳои шаҳси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденти Малта аз ҷониби ширкате, ки дар Малта ба қайд гирифта шудааст, инвеститсияи портфелӣ намебошад, агар шахси ҳуқуқии зикршуда зиёда аз панҷоҳ фоизи даромади хешро аз инвеститсияҳои портфелӣ ба даст наоварад; ВА ҲАМЧУНИН:
- даромади шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ба миқдори на кам аз 5% андозбандӣ мешавад.
Шартҳои татбиқи озодшавӣ аз саҳмдорӣ нисбати дивидендҳо дар вуҷуди даромад, ки дар натиҷаи супоридани саҳмдорӣ дар сармоя ба даст омадааст, татбиқ карда намешаванд.
Ҳамчунин, боиси қайд аст, ки аз соли ҳисоботии 2014 сар карда, қоидаҳои озодшавӣ аз саҳмдорӣ вусъат дода шудаанд, то ки даромадҳо ва афзоиши сармояро, ки ба НД (намояндагии доимӣ)-е воқеъ берун аз марзи Малта тааллуқ доранд, фаро гирифта тавонад.
Cofrance SARL ба шахсони инфиродӣ ба оилаҳои онҳо маҷмӯъи пурраи хизматрасониҳоро мерасонад. Дар ҷойҳои стратегии аҳамиятдошта шариконро дошта, ширкат ба мизоҷони ҳавасманд маҷмӯъи хизматрасониҳоро дар соҳаҳои муҳим пешкаш карда метавонад, минҷумла: банақшагирии байналмилалии андозбандӣ; банақшагирии байналмилалии амвол ва банақшагирии давомат; банақшагирии тиҷоратӣ.
Cofrance SARL дар Малта
Tелефон: +35620341636
E–mail: vip@jet.mt
Дискламатсия: Маълумот, ки дар маколаи мазкур оварда шудааст, шиносшавии оммавиро мақсад дорад. Маълумоти пешкашшуда ҷиҳати иваз намудани ягон хизматрасониҳои муҳосибӣ, андозӣ ё дигар маслиҳатҳои касбӣ истифода шуда наметавонад ва моён барои ҳар кадом зарари ҳар кадом шахс дар оқибати ягон амал ё беамалӣ ҷавобгар нестем.