Малта – давлати устувори баҳримиёназаминӣ, аз соли 2004 аъзои ИА (ЕС) мебошад. Дар ин ҷо забони англисӣ хеле фаро гирифтааст ва давлат соҳаи боэътимоду хуб вусъатшудаи хизматрасониро дорад.
Системаи идоракунӣ бо стандартҳои байналмилалии Раёсати хизматрасонии молиявии (FSA), ки соҳаи бонкию инвеститсиониро ба тартиб медарорад, мутобиқат карда шудааст. Системаи ҳуқуқӣ тибқи ҳуқуқи гражданӣ, зери таъсири ҳуқуқи умумии англисӣ асос гардида, қонунгузории корпоративӣ ба Қонуни англисӣ дар бораи ширкатҳо ва ба Дастурҳои ИА (ЕС) такя карда шудааст. Малта дорои системаи судӣ мисли системаи судии Англия мебошад.
Малта — Ширкати хусусии дорои масъулияти маҳдуд
§ Шакли корхона: Ширкати хусусии дорои масъулияти маҳдуд.
§ Шакли қонун: Ҳуқуқи гражданӣ (бо таъсири ҳуқуқи умумӣ). § Вуҷуди ширкати рафча: Нест. § Мӯҳлати таъсис додани ширкати нав: 2-3 рӯз. § Боҷи Раёсати хизматрасониҳои молиявии Малта: аз 245 евро, вобаста аз маблағи эълонгардидаи оинномавӣ |
§ Андозбандии корпоративӣ: 35%, подош вобаста аз намуди фаъолият имконпазираст
§ Дастрасӣ ба созишномаҳо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата: Ҳа § Забонҳо: англисӣ
|
Маблағи оинномавӣ ё эквивалент
§ Асъори стандартӣ: €
§ Маблағи оинномавӣ: € 233 (20%)
|
§ Асъорҳои иҷозатшуда: ҳар кадом
§ Маблағи минималӣ: € 1165
|
Директорон
§ Шумораи минималӣ: якто
§ Ҳисоботҳои дастрасиашон оммавӣ: ҳа § Шахси инфиродӣ ё ҳуқуқӣ: ҳардуяшон иҷозат доранд § Маҳаллӣ: не, вале барои идораи босамара инро ба инобат бояд гирифт |
§ Ҷои гузаронидани маҷлисҳо: дар ҳар куҷо, вале аксарият маҷлисҳо бояд дар Малта гузаронида шаванд.
§ Ҳар миллат: ҳа
|
Иштирокчиён
§ Шумораи минималӣ: Дуто. Саҳмгузорони ширкат иҷозат дода шудаанд. Саҳмгузори тоқа зимни ҳолатҳои муайян раво мебошад, матнро нигоҳ кунед. | § Ҳисоботҳои дастрасбуда: Бале
§ Ҷои гузаронидани маҷлисҳо: маҷлисҳо ва маҷлиси умумии ҳарсола бояд дар Малта гузаронида шаванд
|
Ба ҳокимият ошкор кардани маълумот дар бораи мулки бенефитсиарӣ
Шахсияти соҳибмулки бенефитсиарӣ метавонад маҳфӣ монад, агар ширкати ваколатдори трастии Малта аз номи соҳибмулки бенефитсионарӣ, ба сифати саҳмгузор дар ҳисоботҳои дастрасиашон оммавӣ муаррифӣ карда шавад. Аз 1 январи соли 2018 Малта Феҳристи соҳибмулкони бенефитсиариро ҷорӣ намуд, ки дар натиҷаи ин ҳокимият соҳиби маълумот дар бораи соҳибмулкони бенефитсиарӣ дастрасии васеътарро хоҳанд шуд. Дар ҳолате, агар ширкат барои подоши андоз дархост кунад, эҳтимолияти ошкор гардидани шахсияти соҳибмулки бенефитсиарӣ аз ҷониби мақомотҳои андози Малта ба вуҷуд меояд. |
Котиботи ширкат
§ Зарур аст: Ҳа | § Офиси бақайдгирифташуда зарур аст: Ҳа |
Ҳисобот
§ Омода кардан зарур аст: Ҳа
§ Ҳисоботҳои дастрасиашон оммавӣ: Ҳа Авиаперелеты на спортивные события
|
§ Талабот нисбати аудит: Ҳа
§ Талабот оиди пешниҳод кардани ҳисобот: Ҳа (аз санҷиши аудиторӣ гузашт) Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ
|
Дигараш
§ Талабот оиди пешниҳоди ҳисоботи солона: Ҳа.
§ Тағӣир додани суроғаи ҳуқуқӣ иҷозат дода шуд: Ҳа. |
§ Ҷои қарордории феҳристҳо ва ҳуҷҷатҳои корпоративӣ: аксарият ҳуҷатҳо дар офиси бақайдгирифташуда қарор доранд
|
Ширкатҳои Малта — афзалиятҳои шавқдошта
Малта — доираи ҳуқуқии машҳур бо системаи самаранокии ҳуқуқию маъмурӣ мебошад. Системаи ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи гражданӣ асос гирифтааст, вале кулли қонунгузории андоз, корпоративӣ ва баҳрӣ ба қонунгузории Британияи Кабир такя карда шудааст ва бо Дастурҳои муносиби ИА (ЕС) ба тартиб дароварда мешавад.
Тартиби бақайдгирӣ
Ширкатҳои рафча дастнорасанд, вале тартиби бақайдгирӣ нисбатан оддӣ ва тез мебошад. Ҳуҷҷатҳои корпоративӣ, бо нишон додани далели пардохти сармояи саҳҳомӣ ва имзо кардани меморандум ва оиннома, ба Қайдкунандаи ширкатҳо супорида мешаванд. Зиракии марбута ва ошкор кардани маълумот дар бораи (ЗСК) зарур дониста мешаванд; сармоягузороне, ки резиденти ИА (ЕС)/ (ЕЭЗ) намебошанд, вазифадоранд, ки аз бонк маълумотномаро пешкаш намоянд. Шахсияти соҳибмулки бенефитсиарӣ («СБ») метавонад маҳфӣ монад, агар барои СБ чун сармоягузори ваколатдор ширкати трастие, ки аз ҷониби Раёсати хизматрасонии молиявии Малта вакил карда шудааст, амал намояд.
Директорон ва шахсони вазифадор
Шумораи минималии директорон – якто, ки метавонад шахси ҳам инфиродӣ ва ҳам ҳуқуқӣ бошад, плюс котиби алоҳидаи ширкат. Резиденти Малта будани директори алоҳида ва котиб ҳатмӣ нест, аммо барои идоракунии самаранок ин ҳолат мақсаднок дониста мешавад.
Ҷиҳати пешгирии талаботи андоз аз доираи ҳуқуқии дигар, маҷлисҳои шӯро ҳатман дар Малта баргузор гардида, директорон бошанд ба Малта бояд ҳозир шаванд.
Сармоягузорон ва сармояи саҳҳомӣ
Ақаллан дуто сармоягузорон, вале, бақайдгирии ширкат бо як иштирокчӣ низ имконпазир мебошад. Сармоягузори корпоративӣ ба ширкате, ки як иштирокчиро дорад ва бо як фаъолияти асосии тиҷоратӣ маҳдуд карда шудааст, иҷозат дошта метавонад. Иштирокчиён масъулияти маҳдудро доранд. Ширкати хусусӣ дорои масъулияти маҳдуд бо сармояи минималии иҷозатшудаи саҳҳомӣ ба миқдори € 1165, бо ҳаққи пардохтгардида саҳмиявӣ ба миқдори ақаллан € 233, ба қайд гирифта шуда метавонад.
Номҳои ширкатҳо
Номи ширкат, барои ишора кардани масъулияти маҳдуди он, суффикси тасдиқшударо бояд дошта бошад. Истифода намудани номҳои муайян маҳдуд карда шудааст.
Талаботҳои пешниҳоднамудаи қонун
Ширкати малтавӣ шахси ҳуқуқӣ буд, мисли шахси инфиродӣ ваколатҳои монандиро дорад. Нисбати фаъолияти ширкат маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, бо шарте агар фаъолияти мазкур бо ҳуҷҷатҳои таъсискунанда иҷозат карда шудааст.
Феҳристҳои ширкатҳо бояд доимо аз нав карда шаванд ва дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳо ҷаримаҳо пулӣ баста мешаванд.
Зарур аст, ки ҳисоботҳои санҷидашуда омода гарданд, то ки ҳолати воқеъии молиявии ширкат нишод дода шавад. Ҳисоботҳои санҷидашуда ба Раёсати хизматрасониҳои молиявии Малта пешниҳод карда мешавад. Ширкатҳои малтавӣ метавонанд суроғаи ҳуқуқии хешро ба берун аз Малта гузаронанд ва ширкатҳои хориҷӣ, бошанд, имконият доранд, ки ба Малта кӯчида биёянд, агар доираи ҳуқуқии амалкунанда чунин муҳоҷиратро иҷозат дода бошад.
Андозбандӣ
Ширкатҳои бақайдгирифташудаи малтавӣ чун резидент ҳисобида мешаванд ва суроғаи ҳуқуқиро дар Малта доранд, ҳамин тавр, дар асоси умумиҷаҳонӣ андозбандӣ мешаванд. Маблағи стандартии андози корпоративӣ нисбати даромади андозшаванда 35% –ро ташкил медиҳад, вале он то ба 5% паст шуда метавонад, агар имтиёзҳои андозе, ки ба саҳмгузорон-ғайрирезидентҳо, зимни тақсим кардани дивидентҳо, пешниҳод карда мешаванд, татбиқ мегарданд. Системаи самараноки подоши андозҳо амал карда истодааст, ки ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшудаи андозе баробар ба 6/7 қисми даромад аз фаъолияти тиҷоратӣ, ба саҳмгузор имконият фароҳам меоварад. Ширкатҳои холдингӣ бо мақсади озодкунии қисмавӣ аз андозҳо барои даромади дивидентӣ ё афзоиши сармоя метавонанд дархост кунанд. Ба таври алтернативӣ андоз метавонад пардохт карда шавад, вале зимни тақсими фоида, сармоягузор талаб кардани подоши пурраи андозеро, ки ширкат пардохт карда буд, ҳуқуқ дорад. Ҷиҳати истифода бурдани афзалиятҳои созишномаҳо доир ба пешгирии андозбандии дукарата, Substance (ҳузури воқеъӣ) дар Малта зарур шуда метавонад. Малта соҳиби 70 созишнома доир ба пешгирии андозбандии дукарата мебошад.
Агар ба шумо маълумоти илова зарур шавад ё шумо доир ба овардашуда муҳокимаи баъзе масъалаҳоро хоҳиш дошта бошед, марҳамат бо мо тамос кунед.
Cofrance SARL ба шахсони инфиродӣ ба оилаҳои онҳо маҷмӯъи пурраи хизматрасониҳоро мерасонад. Дар ҷойҳои стратегии аҳамиятдошта шариконро дошта, ширкат ба мизоҷони ҳавасманд маҷмӯъи хизматрасониҳоро дар соҳаҳои муҳим пешкаш карда метавонад, минҷумла: банақшагирии байналмилалии андозбандӣ; банақшагирии байналмилалии амвол ва банақшагирии давомат; банақшагирии тиҷоратӣ.
Cofrance SARL дар Малта
Tелефон: +35620341636
E–mail: vip@jet.mt
Дискламатсия: Маълумот, ки дар маколаи мазкур оварда шудааст, пешниҳод кардани ахбороти умумиро ба истифодабаранда мақсад дорад. Маълумоти пешкашшуда ҷиҳати иваз намудани ягон хизматрасониҳои муҳосибӣ, андозӣ ё дигар маслиҳатҳои касбӣ истифода шуда наметавонад ва моён барои ҳар кадом зарари ҳар кадом шахс дар оқибати ягон амал ё беамалӣ ҷавобгар нестем.