Cofrance SARL — ин ташкили байналмилалӣ ва мустақили офисҳо дар кишварҳои гуногун, ки хизматрасониҳои бисёрсоҳавиро ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам инфиродӣ, ҳамчунин ба оилаҳои онҳо пешкаш менамояд. Ширкати Cofrance SARL фаъолияти хешро аз соли 2006 оғоз намуда, то ба айни замон давом дода истодааст. Муддати давраи сипаригашта мо боварию эътимоди мизоҷонамонро сазовор гаштаем.
Номгӯи васеъи хизматрасониҳои мо аз андозҳою банақшагирии амвол, ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисобот, идораи хатарҳо, роҳбарӣ ва идоракунии иншоотҳои ғайриманқул ва яхтаҳо, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирот, хизматрасониҳои касбӣ, идораи ширкат ва аз бисёри дигар иборат мебошад.
Ҳайати штатии Cofrance SARL коршиносони касбӣ, минҷумла, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, муҳосибон, мушовирони андоз, нотариусҳо, экспертҳои техникӣ ва мутахассисони соҳаи бехатариро дарбар мегирад.
Маълумоти мухтасар дар бораи ширкати Cofrance SARL
Cofrance SARL ширкати литсензиядошта дар Малта мебошад, ки бо пешниҳоди як қатор хизматрасониҳо, масъалан, таъсис додани ширкатҳо, масъалаҳои ҷобаҷошавӣ, иҷора, фурӯш ва бақайдгирии амволии ғайриманқул, яхтаҳо, киштиҳои ҳавопаймоӣ ва бисёри дигар барои мизоҷони тамоми ҷаҳон, минҷумла шаҳрвандони ИДМ (СНГ), Аврупо, Осиё, Африка ва ҳ. машғул мебошад. Бо назардошти меъёрҳою қоидаҳои зудивазшаванда ва таъсири назарраси онҳо ба қонунҳои маҳаллӣ, ба мизоҷони мо муносибати дурусте, ки ба масъалаҳои муҳоҷират ба ҷои нави истиқоматӣ ва идоракунию нигоҳдории маблағҳо тааллуқ доранд, зарур мебошанд. Мо дар ҳар як давра расонидани кӯмаки касбие, ки барои ноил гаштан ба мақсадҳои шумо лозим аст, қобилият дорем.
Мақсади мо – пешкаш кардани хизматрасониҳои баландсифати персонализатсияшуда ва касбӣ ба мизоҷони мо. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо мизоҷон муносибатҳои дарозмуддатро барпо намоем ва ба онҳое, ки ба Малта кӯчида, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро қарор кардаанд, хизматрасониҳои ба таври «аз оғоз то интиҳо»-ро пешниҳод намоем, ҳамчунин доир ба масъалаҳои андозбандии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, банақшагирии амволи ғайриманқул барои корпоратсияҳои байналмилалӣ, маблағгузорандагони институтсионалӣ, шахсони инфиродӣ ва оилаашон маслиҳат медиҳем.
Чаро Малта
Малта дар маркази Баҳри миёназаминӣ, байни Аврупо ва Африкаи Шимолӣ мавқеъ гирифтааст. Саёҳат ва хизматрасониҳои молиявӣ – ин самтҳои асосии иқтисодиёти давлат мебошанд. Инкишофи иқтисодии Малта асосан аз идоракунии олиҷаноби фаъолияти бонкҳо ва соҳаи хизматрасонии молиявӣ сарчашма мегирад.
Авиаперелеты на спортивные события
Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ
Баъзе далелҳо дар бораи Малта:
— Ҷойгиршавии стратегии ҷуғрофӣ ва маркази борфурорию боркунӣ;
— Масофати кӯтоҳтарин аз кишварҳои асосии Аврупо ва Африкаи Шимолӣ;
— Устувории сиёсатӣ ва иқтисодие, ки нисбат ба мушкилиҳои молияви ва бӯҳрони иқтисодӣ матинанд;
— Забонҳои — англисӣ ва малтавӣ — забонҳои асосии робитаҳо мебошанд. Ба зимни ин, аксарият малтагиҳо забонҳои итолиёвӣ, ҳамчунин, фаронсавӣ, олмонӣ ва скандинавиро (ба туфайли ҷараёни воридшавии коргарони хориҷӣ) аз худ кардаанд;
— ИКТ — Интернети тезсуърат;
— Сатҳи бекорӣ — яке аз ҳама пастарин дар ИА (ЕС).
Афзалиятҳои Малта
Малта зимни ба роҳ мондани тиҷорат як қатор афзалиятҳоро ба манзури шумо пешкаш менамояд:
— Давлат — аъзои ИА (ЕС);
— Аъзои Иттиҳодия (Британияи Кабир) ва минтақаи Шенген;
— Реҷаи фасеҳ ва рақобатпазири андозбандӣ бо миқдори пастарини андоз;
— Вуҷуд надоштани андози пардохти ҳаққи саҳмоявӣ, фоизҳо ва роялтӣ;
— Шабакаи калони созишномаҳо доир ба пешгирии андозбандии дукарата (DTA);
— Қувваи баландихтисоси корӣ ва мутахасисони таҷрибадор;
— Хароҷотҳои пасти истифодабарӣ;
— Омилҳо барои маблағгузорӣ.
Хизматрасониҳои мо
Хизматрасониҳои ширкати Cofrance SARL зеринро дарбар мегиранд:
— маслиҳатдиҳӣ доир ба масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ;
— таъсис додани ширкатҳо, минҷумла пешкаш кардани суроғаи ҳуқуқӣ;
— маслиҳатдиҳӣ доир ба фаъолияти ширкатҳо дар Малта ё берун аз марзи он;
— иҷора, фурӯш ва бақайдгирии яхтаҳо;
— иҷора ва фурӯши киштиҳои ҳавопаймоӣ;
— иҷора ва фурӯши амволи ғайриманқул:
— банақшагирии андозбандӣ;
— хизматрасониҳо доир ба риояи қонунгузории андоз, минҷумла омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳо оиди ААИ (НДС) ва декларатсияҳои андоз;
— хизматрасониҳои муҳосибӣ.
Тамос
Офиси Cofrance SARL дар Малта:
Телефон: +35620341636
Е-mail: vip@jet.mt