Путешествия бизнес авиацией

«Барнома барои шахсони инфиродӣ дар Малта (PPIM)» ба аҳли дигар кишварҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Малта бо тамоми афзалиятҳои он, имконияти беҳамторо пешкаш менамояд.

Дар зимни ин афзалиятҳо ва худи шаҳрвандӣ на танҳо ба аризадиҳанда, балки ба кулли аъзоёни оилаи ӯ пешниҳод карда мешаванд:

  • ҳамсар,
  • волидайн,
  • модаркалон ва падаркалон,
  • фарзандон ва наберагон.

Пас аз иҷро намудани ҳамаи давраҳои проседураи сокиншавӣ, оилаи аризадиҳандаи асосӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар кишвари соҳибҷамолу инкишофёфтаи аврупоӣ зиндагиро ба сар барад, ба сафари сайёҳӣ барояд ва дар хориҷи кишвар бо кор таъмин шавад, масъалан, дар давлатҳои аъзоёни Иттиҳодияи Аврупо ва, ҳамчунин, афзалиятҳои мазкурро ба наслҳои оянда супоранд.

 

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо Cofrance SARL

Дар масъалаи гирифтани шаҳрвандии малтавӣ брокери бисёрсоҳавии аврупоӣ, ширкати Cofrance SARL ҷиҳати мададрасонӣ ба оилаҳои серфарзанд аз кишварҳои Шарқи Наздик, Африкаи Шимолӣ, Россия ва Хитой таҷрибаи беҳамторо дорад.

Мизоҷони мо дар наздамон бисёр вазифаҳоро мегузоштанд, ки онҳоро мо бо мувафаққият иҷро менамудем ва ин ба мо имконият фароҳам овардааст, то ки мунтазам тараққӣ кунем ва сервиси олиҷанобро пешниҳод намоем.

Вақте, ки шумо муҳоҷиратро ба кишвари нав ба ақша мегиред, ба шумо зарур мегардад, ки доир ба ҳамаи тафсилотҳои проседура ташвиш кашед: бисёр қоғазҳоро ҷамъ меоваред, шумораи калони аризаҳоро ирсол менамоед – ва ҳамаи ин тадбирҳо ба талаботи қонун бояд мутобиқ бошанд. Чунин муносибати ҷиддӣ ба хоҳиши шумо доир ба оғози ҳаёти нав таъсир расонида метавонад. Дар Кофранс САРЛ мо ҳолатро ба манфиати шумо гардонида метавонем ва дар бораи кулли нюансҳои проседураи мураккаби омодакунӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба тамоми мақомотҳо ташвиш мекашем.

Гурӯҳи экспертони мо аз ҳуқуқшиносони муҳоҷирӣ, агентҳо оид ба амволи ғайриманқул, тарҷумонони шифоҳию хаттӣ ва экспертони молиявӣ иборат мебошад, ки ҳамаи инҳо ба дастаи ягона ҷамъ шудаанд, то ки ба шумо кӯмак расонанд. Мо доимо бо хушнудӣ ба шумо инро пешниҳод карда метавонем:

  • хулосаҳои пешакӣ ва доимии машваратӣ;
  • тарҷума ва аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳо;
  • омода намудани ҳуҷҷатҳо ва шаклҳои ҳуқуқӣ.

Корҳои стандартии Cofrance SARL

  • Мо аз номи мизоҷони хеш муддати тамоми ҷараёни муҳоҷиратӣ ба таври мунтазам бо ҳуқумати малтавӣ дар тамос қарор дорем.
  • Мо вохӯриҳои заруриро ташкил мекунем ва ба шумо кӯмак мерасонем.
  • Мо ҳамаи вариантҳои шартномаҳои иҷора ва сиёҳнависҳои онҳоро муҳокима ва муоина мекунем ва, ҳамчунин аризаҳою шаклҳои хаттиро омода месозем.
  • Дар вуҷуди зарурият мо намояндагони шумо дар бонк, агентҳои амволи ғайриманқул, брокерони биржавӣ ва, албатта, нотариус барои шумо мешавем. Мо барои вохӯрӣ дар сафоратхонаҳо мусоидат мекунем.
  • Билохир, мо ҷиҳати ҳалу фасл намудани саволҳое, тааллуқ ба иҷроиши дархостҳои зерин дар ҷои истиқомат: дохил шудан ба клуб ё гирифтани рақами телефони мобилӣ ва, ҳамчунин, дигар масъалаҳое, ки бо MIPP вобастагӣ доранд, мадад мерасонем.

Малта — хусусиятҳои миллӣ

Барои аксарият соҳибкорон, коршиносон ва шахсони давлатманд сафарҳои бисёри байналмилалӣ қисми ҳаёти ҳаррӯза мебошанд. Вақте, ки санаи сафари хизматии калон наздик мешавад, ҳамаи расмиятҳо барои гирифтани раводид бояд андешида шаванд. Одатан, онҳо зеринанд:

  • Шаклҳои дароз бо рӯйхати кишварҳое, ки онҳоро шумо муддати панҷ ё даҳ соли охир ташриф оварда будед;
  • Сӯҳбатҳо дар консулгарӣ ё сафорат ва ҳ.

Ҳамаи ин ҷараён хароҷотҳои сершумораи пулӣ ва вақтро талаб мекунад. Зарурияти гирифтани раводид қобилияти зудҳаракатии шуморо заиф гардонида, нақшаҳои сафарҳои кориатонро вайрон мекунад.

Шаҳрвандии малтавӣ имконият медиҳад, ки соҳиби шиносномаи дуюми нейтралӣ ва, ҳамчунин иҷозати воридшавии ғайрираводидӣ ба зиёда аз 160 кишварҳо шавед ва истиқомати шуморо дар ҳар давлати аврупоӣ осон мегардонад. Шаҳрвандии малтавӣ барои шумо дастрасиро ба ҷамъияти инкишофёфта ва мутамаддин бахшида метавонад, дар зимни ин сарзамини боҳашамату экзотикии мазкур дигар афзалиятҳоро низ дорад, минҷумла:

  • имконияти бидуни раводид саёҳат кардан ба кишварҳо монанди: Австрия, Белгия, Канада, Дания, Финляндия, Фаронса, Олмон, Исландия, Итолиё, Люксембург, Монако, Нидерланд, Норвегия, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Австралия, ҳамчунин 53 давлатҳои Иттиходия ва ИМА;
  • ҳуқуқи истиқомат доштан ва кор кардан дар ҳар давлат-аъзои Иттиҳодияи Аврупо (ЕС), зеро Малта аз соли 2004 аъзои Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб меёбад;
  • сифати олиҷаноби ҳаёт: иқлими мӯътадил, муҳити бехатар, сатҳи баланди таъминот, иқтисодиёти устувор ва андозҳои ниҳоят паст (бидуни андоз ба амвол, бидуни декларатсия дар бораи амвол, бидуни андоз ба амволи ғайриманқул), хизматрасониҳои беназири тиббӣ;
  • системаи маҷмӯъии маърифат, ки ба баландтарин стандартҳо ҷавобгӯ мебошад.

Малта — қонунгузорӣ

Ташкилоти мо, кормандон ва шариконамон кафолат медиҳанд, ки:

  • хулосаҳои пешакӣ ва ҷории машваратӣ пешниҳод карда мешаванд ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурие, ки аз ҷониби Оҷонсӣ оид ба идентификатсияи Малта (IM) талаб карда шуда метавонад, омода мегарданд;
  • далели аслӣ будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки пас ба Оҷонсии Identity Malta барои санҷиши пуррагӣ ва дурустии тартибдиҳии аризаҳо ирсол мегарданд, санҷиш ва тасдиқ карда мешаванд;
  • ба ҳар саволҳое, ки ба Барномаи шахсони инфиродӣ – сармоягузорон дар Малта (PPIM) тааллуқ доранд, ҷавоб дода мешавад;
  • аз номи Мизоҷ ба оҷонсии Identity Malta дархости пурра ирсол карда мешавад;
  • Мизоҷ дар бораи гирифтани ҳар маълумот аз IM, ки ба дархости ӯ тааллуқ дорад, ба таври бетаъхир хабардор карда мешавад;
  • пас аз он, ки дархост ҷонибдорӣ карда мешавад ва аризадиҳанда ӯҳдадориҳои хешро дар назди IM иҷро менамояд, аз номи Мизоҷ шиносномаеро, ки ҳукумати малтавӣ пешкаш мекунад, қабул карда мешавад.

Барномаи имтиёзҳои сармоягузорон дар Малта (PPIM) дар асоси Қарори № 47 аз соли 2014 ва тағӣирот ба боби 188-и Қонун дар бораи шаҳрвандии малтавӣ қабул карда шудааст. Тибқи қонуни мазкур, шаҳодатнома дар бораи сокиншавӣ ба шахсоне дорои обрӯю эътибори баланд, ки ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ мекунанд (аризадиҳандаи асосӣ), ҳамсар ва, мутаносибан, ба аъзоёни оила мутобиқи барномаи «Шаҳрвандӣ барои сармоягузорӣ» дода шуда метавонад.

Барои гирифтани маълумоти илова дар бораи қонунгузории PPIM, хоҳишмандем, ки ба сарчашмаи расмӣ муроҷиат кунед: Қонунгузории иловаи 188.03 Регламенти Барномаи сармоягузорони индивидуали Ҷумҳурии Малта, Ҳабарномаи ҳуқуқӣ 47 аз соли 2014 (Justiceservices.gov.mt).

Малта — шартҳо

Тибқи Қарори № 47 аз соли 2014, Барномаи имтиёзҳои сармоягузор дар Малта (PPIM) барои сармоягузорони хориҷии арзанда ва оилаҳои онҳо бо роҳи сокиншавӣ шаҳрвандиро пешниҳод менамояд.

Шаҳрвандии малтавӣ – ин имтиёзе, ки ба номзадони аз ҳама давлатманду машҳур пешкаш карда мешавад. Ба аризадиҳандагон зарур аст, ки дар бораи мавҷуд набудани гузаштаи ҷиноятпеша дар ҳудуди кишвари истиқоматӣ ва кишвари аслиашон, агар онҳо фарқият дошта бошанд, пешниҳод кунад. Ба ғайр аз ин, Identity Malta (IM) санҷишҳои васеъи хешро тавассути сарчашмаҳои байналмилалӣ (Интерпол) ва мақомоти маҳаллии ҳукуматӣ мегузаронанд.

Шаҳрвандии иқтисодии Малта ба аризадиҳанда тақдим карда мешавад, агар ӯ шартҳои зеринро иҷро менамояд:

  • Аризадиҳанда ҳаққи муқарраршударо ба маблағи 650 000 евро ба лоиҳаҳои зерин бояд пардохт кунад: Фонди миллии инкишоф ва таъминоти иҷтимоӣ (Фонди инкишофи миллии Малта);
  • Саҳмияҳои давлатӣ ва облигатсияҳои таъиноти махсусро ба маблағи на кам аз 150 000 евро бояд бихарад. Сармоягузорӣ дар ин соҳа дар Бонки марказии Малта депонатсия карда шуда, дар он ҷо тахти назорати Identity Malta муддати на кам аз 5 (панҷ) сол пас аз супоридани сертификати сокиншавӣ, бидуни имконияти фурӯши сармояҳои зикршудаи давлатӣ, нигоҳ дошта мешавад.
  • Ба талаботи e-Residence (индикатори рамзии вуҷуддорӣ) бояд мутобиқат кунад. Аризандиҳанда соҳиби амволи ғайриманқули истиқоматӣ бо нархи минималии 350 000 евро бояд бошад ё вазифадор аст, ки бинои истиқоматии малтавиро ба маблағи минималии солонаи иҷоравӣ 16 000 евро ба иҷора гирад.
  • Тасдиқи истиқоматро дар дохили Малта муддати як сол то ба супоридани шаҳодатнома дар бораи сокиншавӣ бояд пешниҳод кунад. Ин нишондоди рамзии вуҷуддории номзад дар Малта мебошад. Яъне, аризадиҳандагон ва оилаҳои онҳо муддати тамоми давраи зарурӣ (12 моҳ) дар ҷазираҳо ҷисмонан қарор надошта метавонанд. Сармоягузор вазифадор аст, ки далелҳои алоқаи басандаи хеш ва муносибатҳои зичро бо кишвар пешкаш намояд.

Дар ин ҷода шумо баъзе ҷанбаҳои аҳамиятдоштаро бояд донед:

  • Пас аз сармоягузории муносиб бо роҳи харид ё иҷораи амволи ғайриманқул дар Малта аризадиҳанда корти e-Residence-еро, ки вуҷуддории ӯро дар кишвар тасдиқ менамояд, соҳиб мегардад. Афзалиятҳои дигари корти мазкур аз имконияти ба роҳ мондан ва бурдани тиҷорати хеш, бо истифодаи хизматрасониҳои гуногуни инноватсионии онлайн, ба мисли кори бонкӣ, андозҳо ва ҳ., иборат мебошад.
  • Аризадиҳандаи ибтидоӣ мушкилиҳои тиббиро надошта, Полиси глобалӣ (пурра)-и саломатиро бояд дошта бошад. Аризадиҳандагон ва хешовандони онҳо ба касалиҳои сирояткунанда бояд дучор нашуда бошанд ва, ҳамчунин, вазифадоранд, ки полиси суғартавии тиббиро бо подоши минималӣ ба маблағи 50 000 € барои ҳар як аъзои оила бо имконияти тамдиди ҳарсола дошта бошанд.
Читайте также:  {:ru}Покупка недвижимости на Мальте{:}{:ua}Купівля нерухомості на Мальті{:}

 

Боҷи санҷиши ҳуқуқӣ

  1. Аризадиҳандаи асосӣ: 7500 Евро
  2. Ҳамсар: 5 000 евро
  3. Ҳар як иштирокчӣ синну солаш аз 13 то 17: 3 000 Евро
  4. Ҳар як иштирокчӣ синну солаш аз 18 то 26: 5 000 Евро
  5. Ҳар як иштирокчӣ синну солаш то 55 ва зиёд аз ин: 5 000 Евро

Фонди миллии инкишоф ва таъминоти иҷтимоии Малта. Рӯйхати боҷҳоро, ки ба иқтисодиёти малтавӣ бояд сармоягузорӣ карда шаванд:

  1. Аризадиҳандаи асосӣ: 650 000 Евро
  2. Ҳамсар: 25 000 Евро
  3. Ҳар як фарзанди хӯрандаи синну солаш аз 0 то 17 лет: 25 000 Евро
  4. Ҳар як фарзанди хӯрандаи синну солаш аз 18 то 26: 50 000 Евро
  5. Ҳар як хӯрандаи синну солаш то 55 ва зиёд аз ин: 50 000 Евро

Сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул. Номзад ба талаботҳои зерин бояд мутобиқат карда бошад:

  • Амволи ғайриманқулро бо нархи минималии € 350 000 бояд бихарад, Ё ИН КИ амволи ғайриманқули истиқоматиро ба маблағи минималии солонаи € 16 000 ба иҷора бояд гирад.

Амволи ғайриманқул муддати ақаллан панҷ (5) сол фурӯхта ё ба иҷора супорида шуда наметавонад.



Малта – ҳуҷҷатҳо

Дар поён рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро ширкати мо аз номи аризадиҳанда ба Identity Malta Agency (IM) пешкаш менамояд, оварда мешавад.  Ба он таваҷҷӯҳ диҳед, ки рӯйхат пурра намебошад ва, агар IM инро лозим шуморад, ҳуҷҷатҳои бариловаро талаб карда метавонад.

  • Шаклҳои дархостҳо;
  • Маълумотномаҳо аз политсия дар бораи интизоми боинсоф (аз кишвари аслӣ ва кишвари истиқомат, агар муносиб бошад);
  • Исботи он, ки аризадиҳандаи асосӣ дар Малта муддати як сол то ба сокиншавӣ истиқомат кардааст;
  • Маълумотномаҳои тасдиқкунандаи тиббӣ дар бораи он, ки аризадиҳанда ва хӯрандагони ӯ ба касалиҳои сирояткунанда дучор нашуданд ва дар вазъи хуби саломатӣ қарор доранд;
  • Исботи он, ки тибқи қоидаҳо ба лоиҳаҳои амволи ғайриманқул ва сармояҳои давлатӣ дар Малта сармоягузорӣ карда шудааст;
  • Шаҳодатномаҳо: дар бораи таваллуд ва ақди никоҳ (агар муносиб бошад);
  • Нусхаҳои тасдиқшудаи тамоми саҳифаҳои шаҳодатномаи шахсӣ ва шиносномаи шумо (вуҷуддошта ва мӯҳлатаашон гузашташуда);
  • Аксҳои нави рангине ҳаҷмаашон мутобиқи шиноснома;
  • Шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои ҳамаи касоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • Сертификатҳо ва иқтибосҳои бонкии нав;
  • Маълумотнома дар бораи корхонаи бақайдгирифташуда, мактуб аз корфармо;
  • Маълумотнома дар бораи пардохти андозҳо;
  • Тасдиқи он, ки шумо соҳиби Полиси тиббии пурра / васеъшуда мебошед;
  • Маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Муҳим аст! Зимни пур кардани Шаклҳо ва Ҳуҷҷатҳои зерин ҳатман таваҷҷӯҳ диҳед ба:

Шакли SSFW PPIM – Иқтибос дар бораи Сарчашмаи Сармоя ва Некӯаҳволӣ

  • Барои Аризадиҳандаи асосӣ (ё Эҳсонкор, агар муносиб бошад) зарур мебошад.
  • Ҳамаи сатрҳои шакли мазкурро ҳатман пур кардан лозим. Агар ягон фасл пур карда нашуда бошад, зарур аст, ки эзоҳи марбута оварда шавад.
  • Аризадиҳандаи асосӣ Иқтибосҳои бонкиро якҷоя бо шакли SSFW бояд пешниҳод кунад.
  • Иқтибосҳои Бонкӣ аз суратҳисоб барои 3 (се) моҳи охир талаб карда мешаванд. Нусхаҳои аслӣ ва, ҳамчунин, нусхаҳои тасдиқшударо пешкаш намудан мумкин. Агар иқтисобҳо тавассути системаи интернет-банкинг гирифта шуда бошанд, онҳо якҷоя бо декларатсия, ки аслӣ, дуруст ва пурра буданаашонро тасдиқ мекунад, пешкаш карда мешаванд.
  • Иқтибосҳо аз суратҳисоб бояд ба реквизитҳои бонкие, ки дар фасли D-и шакли SSFW нишон дода шудаанд, мутобиқ бошанд;
  • Маблағҳо аз суратҳисоби шахсие, ки ба номи Аризадиҳандаи асосӣ ба қайд гирифта шудааст, бояд пардохт карда шаванд. Агар маблағҳо аз суратҳисоби корпоративӣ гузаронида шаванд, зарур аст, ки дар ин ҷода қарори шӯрои директорон пешкаш карда шавад.
  • Иқтибосҳо доир ба суратҳисобҳои бонкие, ки ба наздикӣ кушода шудаанд, ғайрифаъол мебошанд ё мувозинаи сифриро доранд, дар суратии мавҷуд набудани иқтибосҳо аз суратҳисобҳои Аризадиҳандаи асосӣ қабул карда намешаванд. Декларатсияи хаттие, ки мушкилиро ҳуҷатгузорӣ мекунад, ба шакли SFFW бояд замима карда шавад.

Шакли SSFW дар сурати вуҷуд доштани Спонсор/Эҳсонкор

Дар ҳолатҳое, ки агар пардохт аз ҷониби шахсе, ки Аризадиҳандаи асосӣ намебошад (масъалан, ҳамсар, хӯрандаи болиғ ё дигар тараф), маблағгузорӣ карда мешавад, Эҳсонкор вазифадораст, ки:

  • Шакли SSFW ва Шакли PDFEE пур кунад;
  • Иқтибосҳои Бонкӣ аз суратҳисоб барои 3 (се) моҳи охир пешкаш кунад. Нусхаҳои аслӣ ва, ҳамчунин, нусхаҳои тасдиқшударо пешкаш намудан мумкин. Агар иқтисобҳо тавассути системаи интернет-банкинг гирифта шуда бошанд, онҳо якҷоя бо декларатсия, ки аслӣ, дуруст ва пурра буданаашонро тасдиқ мекунад, пешкаш карда мешаванд.
  • Иқтибосҳо аз суратҳисоб бояд ба реквизитҳои бонкие, ки дар фасли D шакли SSFW нишон дода шудаанд, мутобиқ бошанд;
  • Маблағҳо аз суратҳисоби шахсие, ки ба номи Аризадиҳандаи асосӣ ба қайд гирифта шудааст, бояд пардохт карда шаванд. Агар маблағҳо аз суратҳисоби корпоративӣ гузаронида шаванд, зарур аст, ки дар ин ҷода қарори шӯрои директорон пешкаш карда шавад.
  • Иқтибосҳо доир ба суратҳисобҳои бонкие, ки ба наздикӣ кушода шудаанд, ғайрифаъол мебошанд ё мувозинаи сифриро доранд, дар суратии мавҷуд набудани иқтибосҳо аз суратҳисобҳои Аризадиҳандаи асосӣ қабул карда намешаванд. Декларатсияи хаттие, ки мушкилиро ҳуҷатгузорӣ мекунад, ба шакли SFFW бояд замима карда шавад.
  • Нусхаи аслии тасдиқшудаи Шиносномаи хориҷӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои Дю-Дилиҷенс (Тасдиқи суроға ва ҳ.) пешиҳод намояд.

Шакли PSC PPIM — Тасдиқи имзоҳо ва аксҳо

Барои ҳар як аризадиҳанда зарураст.

Хоҳиш мекунем, таваҷҷӯҳ диҳед, ки ҳамаи сатрҳои Шакли мазкур бояд пур карда шаванд. Дар зимни ин, ба ҳар аризадиҳанда синну солаш чордаҳ (14) сол ва зиёда аз ин зарур аст, ки дар ҳуҷҷат имзои худро гузорад.

 

Хоҳиш мекунем, таваҷҷӯҳ диҳед, ки Шаҳодаткунанда бояд ба фасли аввали шакл истинод кунад ва талаботҳои шаҳодатдиҳиро риоя намояд. Вобаста ба Ҳуқуқшинос ё Нотариуси Давлатӣ, ки берун аз марзи Малта мавқеъ гирифтаанд:

  • Тибқи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961, ки Талаботҳои Қонунигардонии Ҳуҷҷатҳои Расмии Хориҷиро бекор карда буд, Апостил дар он вақт зарур мегардад, ки агар доираи ҳуқуқӣ чун ҷониби конвенсияи дар боло зикршуда маҳсуб меёбад; ё ин ки
  • Тасдиқи шаҳодатдиҳӣ аз ҷониби идораи марбутаи давлатӣ дар сурати вуҷуди доираҳои ҳуқуқие, ки тарафҳои Конвенсияи Гаага намебошанд, ва
  • Агар доир ба гирифтани шаҳодатномаи марбута дар бораи аслӣ будани ҳуҷҷатҳо, мушкилиҳо ба миён оянд, аризадиҳандагон ба Намояндагии Консулгарӣ ё Сафоратӣ мутаносибан муроҷиат карда метавонанд.
  • Тибқи дастуруламалҳое, ки дар худи шакл оварда шудаанд, як акси шакли шиносномавӣ ба шакли PSC бояд замима карда шавад. Дигар ягон аксро якҷоя бо аризаи мазкур пешкаш намудан лозим нест.

Шакли MRQ PPIM — Маълумотномаи Тиббӣ ва Анкета

Барои ҳар як аризадиҳанда талаб карда мешавад.

Ҳамаи сатрҳои Шакл бояд пур карда шаванд.

Духтури масъул Қисми D-и шаклро пур мекунад. Баҳои хулосавӣ (фасли D.13) доимо хеле муфассал бояд пур карда бошад.

Тибқи дастуруламалҳое, ки дар боло дар Қисми А-и Шакл оварда шудаанд, ба духтур зарур аст, ки аз аризадиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷати давлатиро бо идентификатсияи фотоаксӣ дархост намояд. Пас ба духтур зарур аст, оиди он, ки шахси муоинашудаистода дар ҳуҷҷати идентификатсиякунанда вуҷуд дорад, тасдиқ намояд ва шаклро пур кунад, дар зимни ин:

  • Нусхаи ҳуҷҷати идентификатсиякунанда ба шакл замима кунад;
  • Дар бораи он, ки шахси муоинашудаистода он шахсе мебошад, ки дар нусхаи замимашуда нишон дода шудааст, бо роҳи пешкаш намудани аризаи хаттӣ тасдиқ кунад;
  • Нусхаи замимашударо имзо кунад, дар болои он мӯҳр гузорад ва санаро нишон диҳад;
  • Декларатсияро, ки дар саҳифаи чорӯми (4) Шакл мавҷуд дорад, пур кунад.

Аутентификатсияи Ҳуҷҷатҳои Хориҷӣ

Вақте, ки ҳуҷҷати ёридиҳанда (масъалан, тасдиқ кардани нусхаи аслӣ аз ҷониби Ҳуқуқшиносон / Нотариусҳо, ки дар дохили Малта қарор надоранд) санҷиши аслӣ буданашро талаб мекунад, яке аз се вариантҳо, вобаста аз доираи ҳуқуқие, ки тибқи он ҳуҷҷатҳо тайёр шуда истодаанд, бояд истифода карда шаванд.

  1. Апостил, тибқи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961, ки Талаботҳои Қонунигардонии Ҳуҷҷатҳои Расмии Хориҷиро бекор карда буд, агар доираи ҳуқуқӣ чун ҷониби конвенсияи дар боло зикршуда маҳсуб меёбад; ё ин ки,
  2. Тасдиқи шаҳодатдиҳӣ аз ҷониби идораи марбутаи давлатӣ дар сурати вуҷуди доираҳои ҳуқуқие, ки тарафҳои Конвенсияи Гаага намебошанд, ё ин ки
  3. Тасдиқи шаҳодатдиҳӣ аз ҷониби Намояндагии Консулгарӣ ё Сафоратии малтавӣ, ки чун ҷониби конвенсияи дар боло зикршуда маҳсуб намеёбад.
Читайте также:  {:ru}Мальта. Частные компании с ограниченной ответственностью{:}{:en}Malta. Private limited companies{:}{:ua}Мальта. Приватні компанії з обмеженою відповідальністю{:}{:tj}Малта. Ширкатҳои хусусии дорои масъулияти маҳдуд {:}{:es}Malta. Sociedades Privadas de Responsabilidad Limitada{:}{:ar}مالطا. شركات ذات مسؤولية محدودة{:}{:pt}Malta. Sociedades de responsabilidade limitada{:}{:tr}Malta. Özel limited şirketler{:}{:mt}Kumpaniji f'Malta b'responsabbiltà limitata {:}{:kz}Мальта. Жауапкершілігі шектеулі жеке компаниялар{:}{:tm}Malta. Çäklendirilen jogapkärçiligi bolan hususy kompaniýalar.{:}

Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо

Ҳар як ҳуҷҷат (ҳо) бо забони ғайрианглисӣ (минҷумла, шаҳодатнома ё мӯҳрҳо) ба таври расмӣ ба забони англиси бояд тарҷума карда шавад / шаванд.

Тарҷумаҳо аз ҷониби тарҷумони касбӣ (дар назди суд ба таври расмӣ аккредитатсияшуда), муассисаи давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ё идораи монанди расмӣ бояд омода карда бошанд. Агар тарҷума дар кишваре омода карда шудааст, ки тарҷумонони расман аккредитатсияшударо надорад, он аз ҷониби ширкате, ки фаъолияти ягонаю асосиаш ин тарҷумаи касбӣ мебошад, бояд иҷро карда шавад. Ҳуҷҷат ақаллан аз ҷониби як шахси ваколатдоре дорои ҳуқуқи имзои ширкати тарҷумакунӣ бояд ба имзо расонида шавад.

Боиси қайд аст, ки ба тарҷумон зарур аст, ки дар шакли саҳеҳу бофаҳм сана, номи пурраи хеш, вазифа, суроғаи истиқомат ё офис, рақами телефон ва почтаи электронӣ / веб-сомона-ро нишон диҳад. Вобаста ба Оҷонсиҳои тарҷумакунӣ бошад, бланкҳои расмиеро, ки дар онҳо маълумот дар бораи ширкати тарҷумакунанда оварда шудааст, истифода кардан лозим аст.

Аффидевитҳо

Вақте, ки аффидевит [1] зарур мешавад, он ба таври дақиқ ва касбӣ бояд омода карда шавад. Хеле муҳим аст, ки аффидевит аз ҷониби ҳуқуқшинос тасдиқ карда шавад.

Аффидевит зеринро бояд дошта бошад:

  • Ҳамаи маълумотҳои марбутаи шахсе, ки аффидевитро медиҳад, минҷумла рақамҳои идентификатсиякунанда / шиносномавӣ, суроға, тамос ва ҳ.
  • Маълумот / аризаҳо, ки дар доираи аффидевит карда шудаанд, дар шакли саҳеҳ ва бофаҳм бояд ҳуҷҷатгузорӣ карда шаванд.
  • Мутахассисе, ки имзои шахсе, ки аффидевитро медиҳад, тасдиқ менамояд, барои амали мазкур, тибқи қонунгузории кишваре, ки дар дохили он аффидевит қабул карда мешавад, бояд ваколат дошта бошад, масъалан Ҳуқуқшинос ё Нотариуси давлатӣ
  • Ба шахси мазкур зарур аст, ки ҳуҷҷатро имзо карда, дар шакли саҳеҳу бофаҳм сана, номи пурраи хеш, вазифа, суроғаи истиқоматӣ ё офис, рақами телефон ва почтаи электрониро нишон диҳад.
  • Дар сурате агар аффидевит на бо забони англисӣ тартиб дода мешавад, тибқи фасли дар боло зикршуда тарҷума бояд омода ва пешкаш карда шавад.

Пешниҳод кардани Ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда

Ҳуҷҷатҳои ирсолкунандаи дуруст пешкашгардида, ҷиҳати пешгирии радшавии эҳтимолии дархост, ҳатмӣ мебошанд. Бандҳои зерин баҳри дуруст омода кардани ҳуҷҷатҳо мусоидат хоҳанд кард.

Шиносномаҳои хориҷӣ

Нусхаҳои аслии тасдиқкардашудаи шиносномаҳои хориҷӣ ё гузарномаҳо барои ҳамаи аризадиҳандагон, минҷумла хӯрандагони ноболиғ талаб карда мешаванд.

Бисанҷед, ки нусхаҳо саҳеҳу бофаҳм бошанд. Фақат нусхаҳои он саҳифаҳои шиносномаҳо заруранд, ки маълумотҳои зеринро доранд:

Парвозҳои ҳавопаймоӣ ба воқеъаҳои варзишӣ

Авиаперелеты на спортивные события

  • Рақами шиноснома, сана, ҷои дода шуданаш ва мӯҳлати эътибор;
  • Акс, ном, сана ва ҷои таваллуд;
  • Кишвари пешкашнамуда ва имзо;
  • Саҳифаҳои дорои ислоҳот дар шиноснома бо ба таври муфассал шарҳ додани ҳар спетсификатсия ё тағӣиротҳо (масъалан, Раводидҳо, мӯҳрҳои Муҳоҷирӣ ва ҳ.).

Бисанҷед, ки рамзи MRZ, ки дар саҳифаи маълумотҳо гузошта шудааст, саҳеҳу бофаҳм мебошад.

Агар аризадиҳанда як чанд шиносномаҳои байналмилалиро барои як чанд кишварҳо дошта бошад, тибқи дастуруламалҳои дар боло овардашуда, нусхаҳои тасдиқшудаи ҳар як ҳуҷҷатро пешкаш намоед.

Шаҳодатномаи шахсӣ (ё эквиваленти Ҳуқуқӣ)

Барои ҳама шахсоне, минҷумла, хӯрандагони ноболиғ, ки талабгори шаҳрвандӣ мебошанд, талаб карда мешавад.

Нусхаҳои аслии тасдиқшудаи шаҳодатномаи шахсии аризадиҳанда ё эквиваленти ҳуқуқии он (яъне, ҳуҷҷате, ки дар кишвари Шаҳрвандиаш барои идентификатсияи истифода карда мешаванд) талаб карда мешавад. Агар аризадиҳанда як чанд шаҳрвандиро дошта бошад, нусхаҳои аслии тасдиқшудаи Шаҳодатномаҳои Шахсии ҳар як кишвар талаб карда мешаванд.

Дар сурате агар аризадиҳанда дар кишваре, ки Шаҳодатномаҳои Шахсиро намедиҳад ё фақат пас аз ба синну соли муайян расидан онро пешкаш мекунад, қарор дошта бошад, баёноти хаттӣ дар Қисми D-и Шакли аризадиҳандаи N, O ё P бояд пешниҳод карда шавад.

Иҷозат барои истиқомат (Доимӣ ё Муваққатӣ, вобаста аз ҳолатҳои вуҷуддошта)

Барои ҳама шахсоне, минҷумла, хӯрандагони ноболиғ, ки талабгори шаҳрвандӣ мебошанд, талаб карда мешавад.

Нусхаҳои аслии тасдиқшудаи ҳар иҷозатнома / корт барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ, ки дар дасти аризадиҳанда қарор дорад, талаб карда мешаванд. Агар аризадиҳанда як чанд иҷозатнома / кортҳоро барои истиқомат дошта бошад, зарур аст, ки нусхаҳои аслии тасдиқшудаи ҳар як иҷозат пешкаш карда шавад.

Корти резидентии электроние, ки аз ҷониби Ҳукумати Малта дода шудааст

Бо итминон тавсия дода мешавад, ки нусхаҳои Корти резидентии электроние, ки аз ҷониби Ҳукумати Малта дода шудааст, барои Аризадиҳандаи асосӣ ва ҳар дигар шахсе, ки чунин ҳуҷҷатро дорад, якҷоя бо бастаи дархостҳо пешкаш карда шаванд. Пешниҳоди онҳо дар шакли тасдиқшуда зарурият надроад, зеро ҳуҷҷатҳои мазкур тибқи навиштаҷотҳои дохилӣ баррасӣ карда мешаванд.

Новобаста аз ин, агар аризадиҳанда Шаҳодатномаи Малтавии Резидентиро дошта бошад (масъалан, аз ҷониби Департаменти Даромадҳои Дохилии Малта пешкашнамуда), нусхаҳои аслии тасдиқшуда дар шакли зарурӣ бояд пешниҳод карда шаванд.

Таърих (ҳо)-и хизматӣ (вобаста аз ҳолатҳои ҷойдошта)

Агар ягон аризадиҳанда дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ягон кишвар адои хизмат кардааст, тахсилоти ҳарбиро гузаштааст, нусхаҳои аслии тасдиқшудаи навиштаҷотҳои аслӣ ё шаҳодатномаҳо, тибқи аризаҳо, дар шакли мутаносибан N, O ва P бояд пешкаш карда шаванд.

Шаҳодатнома дар бораи Таваллуд

Барои ҳама шахсоне, минҷумла, хӯрандагони ноболиғ, ки талабгори шаҳрвандӣ мебошанд, талаб карда мешавад.

Зимни пешкаш кардани ариза нусҳаҳои аслии тасдиқшудаи Шаҳодатномаҳо дар бораи Таваллуд талаб карда мешаванд. Санҷидан зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои мазкур, тибқи талаботи Фасли 4.3. тасдиқ ва тарҷума карда шуда бошанд. Нусхаҳои тасдиқшуда саҳеҳ ва бофаҳм бояд бошанд.

Дар лаҳзаи супоридани ариза як нусхаи тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд бо аутентификатсияи марбута ва тарҷума барои ҳар як аризадиҳанда иҷозат дода шудааст.

Ҳуҷҷат (ҳо)-и Ивазшавии ном

Барои ҳама шахсоне, минҷумла, хӯрандагони ноболиғ, ки талабгори шаҳрвандӣ мебошанд, талаб карда мешавад.

Дар сурате, ки агар ягон аризадиҳанда ном / исм-ро ба таври расмӣ иваз кардааст, нусхаҳои аслии тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи ба қайд гирифтани амали иваз кардани ном талаб карда мешаванд. Муҳим аст, ки тағӣироти ном ва сабабҳои он дар Шакли PDFEE нишон дода шаванд.

Шаҳодатномаҳо дар бораи Ақди Никоҳ ва Талоқ (вобаста аз ҳолатҳои вуҷуддошта)

Барои ҳар касе, ки дар никоҳ / паси талоқ қарор дорад ва талабгори шаҳрвандӣ мебошад, талаб карда мешавад.

Зимни пешниҳод кардани ариза нусхаҳои аслии тасдиқшудаи Шаҳодатномаҳо дар бораи Ақди Никоҳ ва Талоқ зарур мебошанд. Дар сурате, агар аризадиҳанда қаблан никоҳ кардааст ва баъдан талоқ шудааст, шаҳодатномаро дар бораи талоқшавӣ низ пешкаш кардан зарур. Агар аризадиҳанда никоҳ карда бошад ва чанд маротиба талоқ шудааст, нусхаҳои ҳамаи шаҳодатномаҳо дар бораи талоқшавӣ талаб карда мешаванд.

Дар лаҳзаи пешниҳод кардани шаҳодатномаҳо, муҳим аст, ки бисанҷед: оё онҳо, тибқи Фасли 4.3. тасдиқ ва тарҷума карда шуданд ё не. Нусхаҳои тасдиқгардида бояд саҳеҳу бофаҳм бошанд.

Дар лаҳзаи пешниҳодкунӣ як нусҳаи аслии тасдиқшудаи ҳар як шаҳодатнома (вобаста ба ҳолати ҳар як аризадиҳанда) бо аутефикатсия ва тарҷумаи марбута иҷозат карда шудааст.

 

Тасдиқи ҳуҷҷатии суроғаҳои истиқоматӣ

Тасдиқи Ҳуҷҷатии Суроғаи Доимии Истиқоматие, ки айни замон дар ихтиёри Аризадиҳандаи Асосӣ ва ҳар Хӯрандаи Болиғе, ки талабгори шаҳрвандӣ мебошад, қарор дорад, талаб карда мешавад.

Ба аризадиҳандагон зарур аст, ки тасдиқи ҳуҷҷатии ҷои доимии истиқоматиро пешниҳод кунанд. Агар суроғаи Аризадиҳандаи асосӣ нисбат ба суроғаи хамсар ва / ё ҳар дигар Хӯрандаи Болиғ фарқият дошта бошад, пешниҳоди тасдиқи ҳуҷҷатӣ марбут ба охирин низ зарур аст.

Деринагии ҳуҷҷатҳо набояд, ки аз 6 моҳ зиёд бошад. Зерин пешниҳод карда шуда метавонад: маълумотнома аз ҷои истиқомат аз Ҳукумати мунисипалӣ / маҳалӣ; расиди пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ; иқтибос аз ташкилоти қарзиии эътирофшуда; мактуби мақомоти марказӣ ё маҳалӣ бо мӯҳр ва санагузории Мунисипалитет.

 

Маълумотҳо аз политсия дар бораи интизоми намунавӣ

Аз мамлакати аслӣ ё истиқоматкунӣ, агар муносиб бошад, бояд пешкаш карда шавад.

Ҳуҷҷатҳо нисбати ҳамаи аризадиҳандагон синну солаашон дувоздаҳ (12) ва зиёда аз ин бояд пешкаш карда шаванд. Дар зимни ин дар маълумотнома зарур аст, ки дар бораи 10 соли охири ҳаёти шаҳрванд иттилоот вуҷуд дошта бошад ва мӯҳлати мурураш на кам аз 6 моҳ аз лаҳзаи пешниҳод кардани он ба Консулгарии Малта бояд бошад. Фақат ҳуҷҷатҳои аслӣ бо забони англисӣ қабул карда мешаванд, нусхаҳо манъ карда шудаанд.

Дар баъзе кишварҳо мақомотҳои политсия маълумотҳои мазкурро фақат бевосита ба ҳуқуматҳои давлатҳои хориҷие, ки онҳоро дархост кардаанд, ирсол менамояд. Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ирсол кардани маълумотҳо ба суроғаи зерин: Оҷонсии малтавии идентификатсияи шахсият, Маркази конференсиявии баҳримиёназаминӣ, Triq l-Isptar, Valletta, VLT 1645, хоҳиш карда шавад.

Читайте также:  Букмекеры и лудоманы

Дар ҳолате агар мақомотҳои политсия Маълумотномаро дар бораи интизом фақат пас аз қабул кардани мактуби расмии муассисаи дархосткунанда пешниҳод мекунанд, ба шумо зарур аст, ки ба Консулгарӣ муроҷиат кунед, то ки мактуби заруриро ирсол намояд.

Маълумотнома дар бораи зери таъминот қарор доштан барои ҳамаи хӯрандагон

Ҳуҷҷат ба таври нусхаи аслӣ ё нусхаҳои ҳақиқӣ барои ҳамаи хӯрандагон ва фарзандони ноболиғе, ки таъминоти онҳо ба яке аз волидайн дар тартиби яккагӣ таъин карда шудааст, бояд пешниҳод карда шавад.

Дар ҳолатҳои алоҳида зимни баррасии дархост маълумоти иловагӣ талаб карда шуда метавонад, то ки далелҳо ва таърихи хӯрандагӣ, ҳамчунин, далелҳои марбутаи хаттӣ барои ҳар хӯранда муайян карда шаванд.

Зарур аст, ки аффидевит [2] дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ барои ҳар як шахсе синну солаш аз 18 (ҳаждаҳ) зиёд, ба истиснои ҳамсар, пешниҳод карда шавад. Дар чунин аффидевит бояд нишон дода шавад, ки оё хӯранда ба таври пуррагӣ зери таъминоти аризадиҳандаи асосӣ қарор дорад ё не. Дар ҳолатҳои волидайн, модаркалонон ва падаркалонон – тасдиқи он, ки шахси мазкур аъзои оилаи аризадиҳандаи асосӣ мебошад, пешкаш карда мешавад.

Нисбати хӯрандагони ноболиғе, ки таъминоташон ба яке аз волидайн ё шахси дигар вогузор карда шудааст, ҳуҷҷатҳои марбутаи ҳуқуқӣ дар бораи он, ки таъминоти яккагӣ аз ҷониби суд ё дигар мақомоти дахлдор муқаррар карда шудааст, бояд пешниҳод гарданд.

Шаҳодатнома дар бораи соҳиби тиҷорат будан барои аризадиҳандагони асосии машғулбуда

Барои аризадиҳандаи асосие, ки сарчашмаи асосии некӯаҳволиаш соҳибкорӣ мебошад, зарур аст.

Тасдиқи хаттии далели соҳиби қисмавӣ ё пуррагии тиҷорат будан зимни пешкаш кардани аризаҳо зарур мебошад. Нусхаҳои тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои зерин ё эквивалентии ҳуқуқии онҳо лозиманд:

  • Шаҳодат дар бораи Бақайдгирӣ;
  • Меморандум ва Оиннома;
  • Феҳристи сармоягузорон;
  • Феҳристи директорон;

Дар сурати мавҷуд будани мухолифатҳо дар номгӯи ҳуҷҷатҳо барои кишварҳои гуногун ҷиддан тавсия дода мешавад, ки чунин ариза пешниҳод гардад, ки мухолифатҳои зикршударо пешбинӣ менамояд.

Шаҳодатнома дар бораи бо кор таъмин шудан барои аризадиҳандагони асосӣ

Барои аризадиҳандаи асосие, ки даромади ӯ аз ҳисоби бо кор таъминшавии расмӣ сарчашма мегиранд, зарур мебошад.

Нусхаҳои аслии тасдиқшудаи яке аз ҳуҷҷатҳои зерин лозим мебошанд:

  • Маълумотнома дар бораи шартномаи меҳнатӣ;
  • Ведомостҳои пардохт;
  • Нусхаи декларатсияҳои андоз;
  • Мактуби тавсиядиҳандаи корфармо;
  • Дигар ҳуҷҷатҳо дар вуҷудии зарурият.

Ҳама ҳуҷҷатҳо ба забони англисӣ бояд тарҷума карда бошанд.

Малта — ҷараён

Оҷонсии Identity Malta (IM) мақомоти ягонаи идораи давлатие, ки нисбати барномаи сармоягузорони хусусӣ дар Малта (PPIM) масъул мебошад, ва ҷараёни пайдарпайи қабул кардани шаҳрвандии иқтисодӣ аз зерин иборат мебошад:

  • Шумо бо Cofrance SARL созишномаро имзо мекунед.
  • Ба шумо зарур аст ҳамаи ҳуҷҷатҳои ирсолкунандаро ҷамъ намоед, ҳамчунин, боҷи ҳукумати малтавӣ ва хароҷотҳои маъмурии моро пардохт кунед.
  • Тарҷумонони сертификатсияшудаи мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои шуморо бо забони англисӣ омода мекунанд.
  • Шумо ба меъёрҳои e-Residence мутобиқ мебошед: аризадиҳандаи асосӣ ва оила ӯ ба Малта ҳозир мешаванд, суроғаро қабул мекунанд ва барои қабул ба IM мераванд (муддати се ҳафта). Ба номзади муносиб зарур аст, ки талаботҳои e-Residence-ро риоя кунад, яъне ба таври ҷисмонӣ ё виртуалӣ муддати 12 моҳ дар дохили кишвар бояд қарор дошта бошад.
  • Санҷишҳо доир ба бехатарӣ бояд гузаронида шаванд (муддати ду ҳафта).
  • Агентҳои мо аз номи шумо ба мақомотҳои салоҳиятдори Малта дархост мекунанд.
  • Ба шумо зарур мегардад, ки амалиёти бақайдгирӣ ва коркарди пардохтҳоро пардохт намуда, инчунин, тасдиқи хаттии пардохтро ба аризаи худ замима кунед. Пас мо онро ба IM ирсол мекунем, ки ҳуҷҷати мазкурро баррасӣ менамояд ва дар бораи қарори аввалин моро хабардор мегардонад (2–3 моҳ).
  • Агар дархост ҷонибдорӣ карда шавад, пас мо аз IM огоҳномаро қабул мекунем.
  • Вақте, ки дархост ба пуррагӣ тасдиқ карда мешавад, номзад вазифадор мегардад, ки боҷи давлатиро пардохт намояд ва муддати 4 моҳ пас аз тасдиқ шудани дархост (4 моҳ) сармоягузории муносибро ба амал расонад.
  • Ба ҳар як довталаб зарур мешавад, ки қасами вафодориро нисбати давлати Малта шахсан баён кунад ва шаҳодатномаро дар бораи сокиншавӣ қабул намояд.
  • Пас аризадиҳандаи асосӣ (ё ширкати мо) барои худ ва ҳамаи хешовандоне ба барнома мутобиқбуда шиносномаҳои биометрии Малтаро дархост карда метавонад. Вақте, ки шиносномаи малтавӣ ба аризадиҳандаи асосӣ супорида мешавад, ҳамсари ӯ ва фарзандон шиносномаҳои хешро ба таври автоматикӣ қабул мекунанд.

Мӯхлатҳои проседураи гирифтани шиноснома дар Малта

  1. Мизоҷ бояд ба Малта ҳозир шавад, то ки нишондодҳои биометриро ҷамъ намояд ва ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо дархост барои истиқоматкунӣ вобаста мебошанд, ҳалу фасл намояд. Ба аризадиҳанда зарур аст, ки дар бонк суратҳисобро кушояд, ҳуҷраро ба иҷора гирад, суғуртаи тиббиро бихарад ва ҳ. Дар ин вақт ба ӯ корти резидент дода мешавад, ки ба аризадиҳанда ҷиҳати дар дохили минтақаи Шенген бидуни раводид саёҳат кардан имконият медиҳад. Ин оғози иҷозати малтавӣ барои истиқомат мебошад, IM-и зарурӣ, ки 12 моҳ то ба лаҳзаи супоридани шаҳодатнома дар бораи сокиншавӣ тӯл мекашад. Боҷи ибтидоии баргардониданашаванда ба ҳукумати малтавӣ ба маблағи 5000 Евро бояд якҷоя бо ариза барои истиқоматкунӣ пардохт карда шавад. Нишондодҳои биометрӣ ҷамъ карда шуда, дар корти истиқоматкунӣ дар Малта нигоҳ дошта мешаванд.
  2. Баъд аз он, ки ҳамаи талаботҳо нисбати дархост ва ҳуҷҷатҳо иҷро карда шудаанд, ариза барои гирифтани шаҳрвандии иқтисодии Малта пешкаш карда мешавад. Инро шумо дар ҳар вақт пас аз додани ариза барои истиқоматкунӣ карда метавонед.
  3. + 2 ҳафта: файли аризаи PPIM-ро IM баррасӣ менамояд. Дар ин вақт Cofrance SARL дар вохӯриҳо бо ҳукумати малтавӣ иштирок мекунад ва месанҷад, ки ариза ба барномаи гирифтани шаҳрвандӣ тавассути сармоягузорӣ дар Малта мутобиқ бошад. Баъд аз он, ки ҳамаи шартҳо иҷро мегарданд, декларатсия дар бораи пардохти хароҷотҳо барои гузаронидани санҷиши маҷмӯъӣ (7 500 Евро аз аризадиҳандаи асосӣ), боҷи бонкӣ (200 Евро) ва боҷи шиносномавӣ (500 Евро аз аризадиҳанда) пешниҳод карда мешавад.
  4. + 4 моҳ: Мақомотҳои ҳукуматӣ санҷишҳои қатъии бехатарии заруриро мегузаронанд, ки муддати он ҳама аризаҳо мавриди санҷиши пешакии чорсатҳа дар мӯҳлати 120 рӯз қарор мегиранд. Мақомотҳои давлатӣ зимни давраи мазкур ҳуҷҷатҳои иловагиро дархост карда метавонанд. Пас аз 120 рӯз IM қарори хешро қабул менамояд;
  5. + 20 рӯз: ба аризадиҳандаи асосӣ зарур аст, ки ҳадяро ба маблағи 640 000 евро (650 000 евро минуси 10 000 евро, ки дар аввал пардохт карда шуда буданд) сармоягузорӣ намояд. Ҳадя ба маблағи 640 000 евро аз довталаби асосӣ бевосита ба мақомоти салоҳиятдор бояд пардохт карда шавад. Бар зиммаи ин ҳиссаи хешовандоне, ки ба барнома мутобиқ мебошанд, пардохт мегарданд;
  6. + 4 моҳ: ҳамаи талаботҳои молиявии боқимонда бояд иҷро карда шаванд, минҷумла сармоягузорӣ ба облигатсияҳо ва саҳмияҳо ё қоғазҳои қиматбаҳои давлатӣ, ки ба € 150 000 баробаранд, ва ақаллан ба маблағи 350 000 € харидан / ба иҷора гирифтани амволи ғайриманқул. Амволи ғайриманқул ва қоғазҳои қиматбаҳои давлатӣ бояд муддати 5 сол нигоҳ дошта шаванд. Ҳама фоизҳо аз облигатсия ва афзоиши сармоя нисбати амвол ба фоидаи аризадиҳанда баргардонида мешаванд.
  7. Шаҳодати сармоягузории амалишуда ва ҷои истиқомат аз ҷониби Cofrance SARL ба ҳукумати малтавӣ пешкаш карда мешавад;
  8. Ҳукумат дар бораи сокиншавӣ шаҳодатномаро медиҳад. Амалан, ҳукумат ӯҳдадор мешавад, ки шаҳодатро дар бораи сокиншавӣ муддати 12 моҳ аз лаҳзаи додани иҷозат барои истиқоматкунӣ дар Малта пешниҳод намояд. Ҳамаи аризадиҳандагони синну солашон аз 18 калон барои нисбати давлат баён кардани қасам ва имзо кардани он бояд ба Малта ҳозир шаванд. Дархост барои шиноснома ва бақайдгирии он пешкаш карда мешавад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд тасдиқ карда шуда бошанд.

9: + ё — 4/5 рӯз: шиносномаи малтавӣ дода мешавад.

Умуман, проседураи муҳоҷират ба Малта дар доираи Барномаи сармоягузорони хусусӣ (PPIM) дар Малта аз 12 то ба 16 моҳ тӯл кашида метавонад.

 

Ҷараёни муҳоҷирати хешро бо мо оғоз кунед.

Худро шаҳрванди хушбахти Малта эҳсос намоед!

[1]     Аризаи хаттӣ, баёнот, шаҳодат, ки зери қасам дода мешавад ва аз ҷониби нотариус ё дигар шахси ваколатдор тасдиқ карда мешавад.

[2]  АФФИДЕВИТ —  Аризаи хаттӣ, баёнот, шаҳодат, ки зери қасам дода мешавад ва аз ҷониби нотариус ё дигар шахси ваколатдор тасдиқ карда мешавад.